Главная / Ҷамъият / Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк

Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк

Моддаи 66-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк 

  1. Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори дар моддаи 61 Кодекси мазкур пешбинигардида анҷом дода мешаванд.
  2. Азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ (бори дастӣ, бағоҷ, олоти шикор ва моҳигирӣ, маҳсули сайд ва дигар ашёҳо) бе вайрон намудани яклухтии сохти он аз рӯйи зарурат бо мақсади ошкор кардани олот ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдор дар ҳузури ду нафар шахсони холис сурат мегирад.
  3. Азназаргузаронии шахсӣ аз ҷониби шахси ваколатдор, ки бо шахси азназаргузаронидашаванда ҳамҷинс мебошад, дар ҳузури ду нафар шахсони холиси ҳамҷинс анҷом дода мешавад.
  4. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофии гумонбарӣ дар бораи он, ки шахси воқеӣ мумкин аст бо худ силоҳ ё дигар ашёи ба сифати силоҳ истифодашаванда дошта бошад, азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи ин шахси воқеӣ метавонад бе иштироки шахсони холис гузаронида шуда, дар ин бора ба протокол қайд гузошта мешавад.
  5. Ҳангоми зарурат дар вақти азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк мумкин аст суратгирӣ, навори кино, сабти видео ва дигар воситаҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ татбиқ карда шаванд.
  6. Азназаргузаронии молу мулк, бори дастӣ, бағоҷ, олоти шикор ва моҳигирӣ, маҳсули сайд ва дигар ашёҳо дар ҳузури шахсе гузаронида мешавад, ки молу мулк таҳти истифода ё моликияти ӯ қарор доранд. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир молу мулк ва ашёҳои зикргардида мумкин аст, дар ғоибии соҳибмулк (соҳиб), бо иштироки ду нафар шахсони холис аз назар гузаронида шаванд.
  7. Дар бораи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ протокол тартиб дода мешавад  ё дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё дар протоколи дастгиркунии маъмурӣ қайди дахлдор карда мешавад. Дар протоколи азназаргузаронии шахсӣ ё азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ вақт ва маҳали тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси воқеии мавриди азназаргузаронии шахсӣ қароргирифта, маълумот дар бораи намуд, миқдор ва дигар нишонаҳои ҳаммонандсозии молу мулк, аз ҷумла маълумот дар бораи навъ, тамға, модел, қутр, силсила, рақам ва дигар нишонаҳои ҳаммонандсозии силоҳ, миқдор ва намуди тир, намуд ва нишонаҳои ҳуҷҷатҳои зимни азназаргузаронӣ дарёфтгардида ё бо худ доштаи шахси воқеӣ сабт карда мешавад.
  8. Дар протоколи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ оид ба истифодаи суратгирӣ, навори кино, сабти видео ва дигар воситаҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ қайд карда мешавад. Маводи ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ бо истифода аз суратгирӣ, навори кино, сабти видео ва дигар воситаҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ гирифташуда ба протоколи дахлдор замима карда мешаванд.
  9. Протоколи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди  парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ё соҳиби молу мулки мавриди азназаргузаронӣ қарордодашуда ва шахсони холис имзо карда мешавад. Дар ҳолати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахсе, ки нисбаташ пешбурди  парванда сурат мегирад, соҳиби молу мулки мавриди азназаргузаронӣ қароргирифта дар протокол дар ин бора қайд карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ ба соҳиби молу мулк бо хоҳиши ӯ бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
  10. Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ дар мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

mardum

Дуои муҳофизат аз шарри душманон

Агар шахсе аз ҷониби душмане эҳсоси хатар ва адами амният мекунад, барои ин мушкилаш ин …