Главная / Ҷамъият / Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда

Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда

Моддаи 67-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда 

  1. Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳои ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқдошта, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда дар ҳузури намояндаи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ё намояндаи ӯ ва ду нафар шахсони холис аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)  тибқи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
  2. Дар бораи азназаргузаронии бино, ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва молу мулку ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда протокол тартиб дода шуда, дар он сана ва маҳали тартибдиҳӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии дахлдор, инчунин маълумот дар бораи намояндаи ӯ, бино ва ҳудудҳои мавриди азназаргузаронӣ қарордодашуда, намуд, миқдор ва дигар аломатҳои ҳаммонандсозии молу мулк, инчунин маълумот дар бораи намуд ва нишонаҳои ҳуҷҷатҳо зикр мегарданд.
  3. Протоколи азназаргузаронии биною ҳудудҳои ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тааллуқдошта, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, намояндаи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, инчунин аз ҷониби шахсони холис имзо карда мешавад. Дар сурати аз имзои протокол саркашӣ кардани намояндаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ё намояндаи он аз ин хусус дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии биною ҳудудҳои ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тааллуқдошта ва молу мулку ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда ба намояндаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

kuloh

Кулоҳ: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хобат агар кулоҳ бинӣ, Гирде, ки ба сони моҳ бинӣ, Таъбир, …