Главная / Ҷамъият / Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ

Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ

Моддаи 63-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ 

  1. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир кардааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, наметавонад аз се соат зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, бинобар зарурати махсус нисбат ба шахсони маҳали истиқоматашон номуайян мумкин аст бо иҷозати суд мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ то даҳ шабонарӯз муқаррар карда шавад.
  2. Шахсе, ки нисбаташ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба вайрон намудани низоми Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории соҳаи гумрук сурат мегирад, дар ҳолати зарурат барои муқаррар намудани шахсият ё барои муайян намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мӯҳлати то 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ бо ба таври хаттӣ хабар додан ба прокурор ё ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз бо иҷозати суд таҳти дастгиркунии маъмурӣ қарор дода мешавад, ба шарте ки ӯ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро надошта бошад.
  3. Шахсе, ки нисбати ӯ пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад ва барои содир намудани он ба сифати яке аз ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ пешбинӣ гардида бошад, мумкин аст ба тариқи маъмурӣ то парвандаро баррасӣ кардани судя дастгир карда шавад ва дар ин бора аз лаҳзаи дастгиркунӣ ба таври хаттӣ ба прокурор хабар дода мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ аз лаҳзаи дастгиркунӣ наметавонад аз 24 соат зиёд бошад.
  4. Мӯҳлати дастгиркунӣ ва нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки барои вайрон намудани низоми раводид ва будубош дастгир карда шудаанд тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешавад. Бо дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад мӯҳлати нигоҳдории ин шахсонро то як моҳ дароз намояд.
  5. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ аз лаҳзаи овардани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда ва мӯҳлати дастгиркунии маъмурии шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта, ки бо ҳуҷҷати шаҳодаткунонии тиббӣ тасдиқ шудааст, аз лаҳзаи ҳушёр шудани ӯ ҳисоб карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …