Хабарҳои охирин

ЛОМИСА

lomisa

ЛОМИСА, яке аз қувваҳои ҳисси панҷгона. Л. барои роҳ ёфтан дар торикӣ ёрӣ мерасонад, имкон медиҳад, ки нафақат мавҷудияти предмет, балки андоза, ҳарорат, намӣ, сатҳи он (ҳамвор, шахшӯл ва ғ.) муайян карда шавад. Ҳисси Л. аз маҷмӯи хабарҳое, ки ба мағзи сар аз торҳои асаб (ретсепторҳо) меоянд, таркиб меёбад. Ретсепторҳо …

Муфассал »

ЛОРДОЗ

lordoz

ЛОРДОЗ (Lordosis; юн. lordos – хамида), каҷии сутунмӯҳра, ки дар мавриди он барҷастагӣ ҷониби пеш менигарад. Л.-и мӯътадили қисми гарданӣ ва камарии сутунмӯҳра дар соли аввали ҳаёти кӯдак ташаккул меёбад. Дар аснои баъзе бемориҳо Л. бештар гашта, нуқси инкишофро мемонад (гиперлордоз). Ниг. низ Каҷшавии сутунмӯҳра.

Муфассал »

ЛОРЕНС Олег Габриэлевич

nophoto-man

ЛОРЕНС Олег Габриэлевич (тав. 23. 04. 1923, ш. Тошкент), терапевт, доктори илми тиб (1972). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1944). Лаборанти калон, ассистент ва иҷрокунандаи вазифаи мудир (1944 – 51), мудир (1951 – 67) ва дотсенти кафедраи физиологияи эътидолии ДДТТ (1967 – 94). Дар самти ошкорсозии …

Муфассал »

ЛУКАРӣ

nophoto-man

ЛУКАРӣ, Абӯлаббос Фазл ибни Муҳаммади Марвазии Лукарӣ, аз ҳукамои машҳур буда, чандин тан аз донишмандони қарни 6 ҳиҷриро тарбия ва таълим додааст. Л. шогирди Ибни Сино буда, аз таълифоти муҳими ӯ китоби «Баёну-л-ҳаққ» мебошад. Ад.: Муҳаммад Мӯъин, «Фарҳанги форсӣ», ҷ. 6, Теҳрон, 1379 ҳ. ш. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

ЛУКЯНОВ Николай Борисович

lukianov

ЛУКЯНОВ Николай Борисович (тав. 05. 11. 1938, ш. Душанбе), эпидемиолог, доктори илми тиб (1998), проф. (1999), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1963). Духтури терапевт ва мудири беморхонаи деҳотии ноҳ. Москваи вил. Кӯлоб (ҳоло ноҳ. Ҳамадонии вил. Хатлон; 1965), роҳбари амбулаторияи сайёри чаррогоҳҳои ҶТ (1965 – …

Муфассал »