Хабарҳои охирин

Манъи меҳнати маҷбурӣ

moddai-9-kodeksi-mehnat

Моддаи 8-и Кодекси Меҳнат. Манъи меҳнати маҷбурӣ Меҳнати маҷбурӣ манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. Меҳнати маҷбурӣ ҳисоб намешавад: – коре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад; – коре, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми зери хатар будани ҳаёт, …

Муфассал »

Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-7-kodeksi-mehnat

Моддаи 7-и Кодекси Меҳнат. Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ Ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст.Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва …

Муфассал »

Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат

moddai-6-kodeksi-mehnat

Моддаи 6-и Кодекси Меҳнат. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат Ҳуқуқи ҳеҷ кас ба меҳнат наметавонад маҳдуд карда шавад, ба истиснои ҳолатҳо ва тартибе, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

Муфассал »

Озодии меҳнат

moddai-5-kodeksi-mehnat

Моддаи 5-и Кодекси Меҳнат. Озодии меҳнат Ҳар кас ҳуқуқ дорад бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳад, ба малакаи худ ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунад, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад.

Муфассал »

Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

moddai-4-kodeksi-mehnat

Моддаи 4-и Кодекси Меҳнат. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат инҳоянд: – озодии меҳнат; – манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ; – манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон …

Муфассал »