Главная / Ҷамъият / Манъи меҳнати маҷбурӣ

Манъи меҳнати маҷбурӣ

Моддаи 8-и Кодекси Меҳнат. Манъи меҳнати маҷбурӣ

  1. Меҳнати маҷбурӣ манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
  2. Меҳнати маҷбурӣ ҳисоб намешавад:

– коре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;

– коре, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми зери хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

– коре, ки дар натиҷаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки масъули назорати қонуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешавад.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ гузоштан мумкин нест.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …