Главная / Ҷамъият / Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 7-и Кодекси Меҳнат. Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

  1. Ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст.Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст.
  2. Фарқият дар меҳнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ мебошанд (аз рўи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад.
  3. Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ оғоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Тоҷикистон фаъолияти барӯйхатгирӣ – барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз мегардад. Дар ин бора дар …