Хабарҳои охирин

Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

moddai-63-kodeksi-mehnat

Моддаи 63-и Кодекси Меҳнат. Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он Ҷазои интизомӣ аз ҷониби корфармо бо роҳи қабули санад татбиқ карда мешавад. Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Дар ҳолати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. …

Муфассал »

Ҷазои интизомӣ

moddai-62-kodeksi-mehnat

Моддаи 62-и Кодекси Меҳнат. Ҷазои интизомӣ Барои аз ҷониби корманд вайрон кардани интизоми меҳнат, корфармо ҳуқуқ дорад чунин намудҳои ҷазои интизомиро татбиқ намояд: – сарзаниш; – танбеҳ; – танбеҳи қатъӣ; – қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо …

Муфассал »

Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат

moddai-61-kodeksi-mehnat

Моддаи 61-и Кодекси Меҳнат. Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат Корфармо ҳуқуқ дорад намудҳои гуногуни ҳавасмандгардониро барои дастовардҳои меҳнатӣ татбиқ намояд. Намудҳои ҳавасмандгардонии кормандон ва тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корфармо, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.

Муфассал »

Таъмини интизоми меҳнат

moddai-60-kodeksi-mehnat

Моддаи 60-и Кодекси Меҳнат. Таъмини интизоми меҳнат Интизоми меҳнат аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати содиқона, ҳамчунин татбиқи ҷазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат таъмин мегардад.

Муфассал »

Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ

moddai-59-kodeksi-mehnat

Моддаи 59-и Кодекси Меҳнат. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешаванд. Дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ тартиби қабул ба кор, аз кор озод намудан, вақти корӣ, вақти …

Муфассал »