Хабарҳои охирин

Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

moddai-98-kodeksi-ob

Моддаи 98-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатӣ, коммуналию маишӣ, дренажӣ, боронҳои сел ва дигар обҳои партов танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати мақомоти …

Муфассал »

Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо

moddai-97-kodeksi-ob

Моддаи 97-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо танҳо дар ҳолати зарурати махсус дар асоси Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Муфассал »

Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо

moddai-96-kodeksi-ob

Моддаи 96-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо 1.Тартиби истифодаи оби мамнӯъгоҳҳо тибқи низомномаҳои мамнӯъгоҳҳо муайян карда мешавад. Дар мамнӯъгоҳҳо амале, ки ҳолати табиии объекти обро вайрон мекунад, манъ аст. Ба объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо шаҳрвандон танҳо бо иҷозати маъмурияти онҳо роҳ дода мешаванд. …

Муфассал »

Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намудани объектҳои об

moddai-95-kodeksi-ob

Моддаи 95-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намудани объектҳои об Объектҳои обе, ки дорои арзиши илмию фарҳангӣ мебошанду мамнӯъгоҳ эълон гардидаанд, бо тартиби муқарраркардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг дониста мешаванд. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг донистани объектҳои об ва …

Муфассал »

Объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо

moddai-94-kodeksi-ob

Моддаи 94-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо Объектҳои обе, ки дорои арзиши махсуси илмию фарҳангӣ мебошанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз тарафи  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъгоҳ эълон гардида, бо мақсади ҳифзи табиат ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ба мамнӯъгоҳҳо барои истифодаи бемӯҳлату алоҳида дода мешаванд.

Муфассал »