Главная / Ҷамъият / Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо

Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо

Моддаи 96-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо

1.Тартиби истифодаи оби мамнӯъгоҳҳо тибқи низомномаҳои мамнӯъгоҳҳо муайян карда мешавад. Дар мамнӯъгоҳҳо амале, ки ҳолати табиии объекти обро вайрон мекунад, манъ аст. Ба объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо шаҳрвандон танҳо бо иҷозати маъмурияти онҳо роҳ дода мешаванд. Партофтани оби партов ба ҳавзҳои оби объектҳои бо об таъминкунандаи мамнӯъгоҳҳо, инчунин корҳои гидромелиоративие, ки метавонанд ҳолати табиии ин объектҳоро тағйир диҳанд, бо риояи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ва бо мувофиқати мамъмурияти мамнӯъгоҳҳои дахлдор гузаронида мешаванд.

2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба минтақаҳои муҳофизатии атрофи мамнӯъгоҳҳо объекти обро бо қатъ ё маҳдуд кардани намудҳои истифодаи об дар ин объект, ки боиси вайрон шудани ҳолати аслии табиати мамнӯъгоҳҳо мегарданд, дохил намояд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …