Хабарҳои охирин

МАСКА

maska

МАСКА, як навъ маҳсулоти хӯрокӣ. М. дорои кислотаҳои равғанӣ, миқдори зиёди фосфатидҳо, витаминҳо, ангиштоб, сафеда, об, намакҳои минералӣ буда, организм онро ба осонӣ ҳазм (то 95%) мекунад. Дар 100 г М. 730 ккал мавҷуд аст. М. манбаи витамини А (ба ҳисоби миёна 0,6мг%) буда, витамини D (0,001 – 0,008 мг%), …

Муфассал »

МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ

zahmbandi

МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ, захмбанд, маводе, ки барои бастани ҷароҳат ва тайёр кардани бандина истифода мебаранд. Ба сифати М. з. маъмулан пахта ва докаи тамйизшударо кор мефармоянд. Дар баробари ин бинти тӯршакл низ истифода мегардад. Салфетка, бинт ва ношиф (тампон) – ро аз дока тайёр мекунанд. Ба захм бевосита захмбанди тамйизиро мегузоранд; …

Муфассал »

МАСОЛЕҲИ ИЛОВАГИИ ХӯРОКВОРӣ

ilovagi

МАСОЛЕҲИ ИЛОВАГИИ ХӯРОКВОРӣ, моддаҳои табиӣ ва синтезие, ки барои сифату таъми хос пайдо кардани хӯрокворӣ ба кор мебаранд; аҳамияти ғизоӣ надоранд. М. аз рӯи таъинот ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: моддаҳое, ки ғилзат (консистенсия) ва таъми хӯроквориро беҳтар мекунанд (моддаҳои рангбахш, хушбӯ, хуштаъму ширин, турш, шӯр ва ғ.); моддаҳое, ки …

Муфассал »