Хабарҳои охирин

Лаблабу

lablabui_surx-660x330

Лаблабу   — ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширин аст; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он. Беҳтаринаш навъи сафеди он аст барои даво. Мизоҷаш мураккаб-ул-қуво, яъне дар мизоҷҳо мӯътадил аст. Хислатҳои шифобахши он: ин поккунандаи узвҳо, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафси бадан, кушояндаи гиреҳҳо, …

Муфассал »

Сияҳак

siyohak_chaspak-0-498x330

Сияҳак (Сиёҳак ё Часпак) — Инро мумкин аст гуфтан, ки мушунги ғайрихӯрокӣ мебошад. Ин гиёҳест, ки дар миёни гандумзор ва наск мерӯяд, гулаш кабуд. Пояаш ба растании дигар такя намуда месабзад. Ғилофи тухмаш монанди ғилофи тухми мош аст, донааш ҳам қариб ба андозаи мош, вале сиёҳ ва сахт мебошад. Дар тиб …

Муфассал »

Ҷувории сафед

uvorii_safed-660x330

Ҷувории сафед — ин наботи зироатист, баргҳояш монанди баргҳои ҷуворимакка, пояаш чун найи ғафс, вале дарунаш ковок надорад, таъми пояаш ширин аст, самараш, яъне донҳояш дар сари растаниаш анбӯҳ дар хӯша, донҳояш калонтар аз наск, кулӯла, сахт ва сафед мешавад. Аз ин ошҳо пухта мехӯранд. Мизоҷаш сард ва хушк аст. Хислатҳои …

Муфассал »

Дӯлона

dulona-660x330

Дӯлона (Дулона) — ин ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх — инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дувумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад. Беҳтараш калон-калони шодоб ва лазизи он аст. Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст, вале ба қавли …

Муфассал »

Заъфарон

zafaron-660x330

Заъфарон — ин торҳои гули растанӣ мебошад, ки монанди гулҳои маҳсар аст, бисёр хушбӯй. Рангаш зарди тираи моил ба сурхӣ, вале чун маҳсар хор надорад. Баргаш монанди барги ёсамин ва пиёзакаш монанди пиёзаки наргис аст. Дар миёни гули он се-чор торҳои заъфарон дорад. Ин растаниро аксар дар Кашмир, Эрон, Испания …

Муфассал »