Главная / Илм / Лаблабу

Лаблабу

lablabui_surx-660x330Лаблабу   — ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширин аст; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он. Беҳтаринаш навъи сафеди он аст барои даво. Мизоҷаш мураккаб-ул-қуво, яъне дар мизоҷҳо мӯътадил аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин поккунандаи узвҳо, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафси бадан, кушояндаи гиреҳҳо, парокандакунандаи балғам, сард ва хомӯшгардонандаи ҳарорат аст. Агар худашро бихӯранд, дарунро мебандад, ғизоияташ кам, боднок аст. Беҳтарин қисми он оби баргаш мебошад, бандҳои барги он беҳтар аз қисми заминиаш мебошад. Агар инро бипазанд таъми сӯзандагии он нест мешавад.

Лаблабуро пухта ҳамчун ғизо бихӯранд, барои иллати ларзак дору мешавад, иштиёқи мубошаратро ба ҳаракат меоварад, хусусан, ки пояаш сурх бошад, дар ин бобат беҳтар аст. Агар инро бо сирко ва хардал (горчица) бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил медиҳад; барои дарди гурда, хичак ва бемориҳои мақъад дору мешавад.

Оби баргашро бо талхшувоқ биёшоманд, балғамро аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои буғумҳо ва ниқрис (подагра)-ро ба ибро меоварад.

Оби бехрешаи онро бо асал даромехта, дар бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои зарарнок пок месозад; бо заҳраи куланг ном паранда даромехта дар бинӣ резанд, барои каҷ шудани рӯй, дарди сар, дарди нимсар, ларзак, дарди дандон ва сурхии чашм, ки аз ҷамъ шудани ахлоти часпак бошад,  даво мебошад, инчунин муттасил оби барги онро дар бинӣ бирезанд низ ҳамин фоидаҳоро дорад.

Оби барги онро бо равғани бодоми ширин ё бо асал даромехта, нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро шифо мебахшад. Барг ва бехрешаи онро дар об ҷӯш дода, бо он об бишӯянд ё он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, сабӯсаки сар, шапуш ва ришкро дафъ мекунад, дарди буғумҳо ва ниқрисро шифо мебахшад.

Оби баргашро нимгарм бо натрун (танакори арманӣ) хамир сохта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, варами пушти поро мегардонад, истисқо (водянка)-ро шифо мебахшад ва дигар варамҳоро таҳлил медиҳад. Хусусан оби барги лаблабуи сафед дар ин амал қавитар аст.

Бо оби лаблабу ё бо обе, ки дар он лаблабу ҷӯшонида шуда бошад, хуқна кунанд, моддаҳои сахти даруни рӯдаҳоро хориҷ мекунад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, мақъади берунбаромадаро ба ҷойи аслиаш мебарад.

Баргашро дар об ҷӯш дода, дар он об вақти нимгарм шудан батакрор дасту поҳоро андозанд, аз сармо кафидани ин узвҳоро шифо мебахшад. Баргашро пухта, баъди хунук шуданаш бимоланд, сӯхтагии оташ ва аз оби ҷӯш сӯхта ва инчунин сурхбодро шифо мебахшад.

Оби барги онро бо мумравғани аз муми занбӯри асал тайёркардашуда даромехта бимоланд, дарди варамҳо ва доғи кунҷидакро дафъ мекунад.

lablabui_qand-1-244x300Барги хоми онро кӯфта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, захмҳои хабиса (злокачественные язвы) ва ширинчаро шифо мебахшад, инчунин дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Агар ин баргро кӯфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, шукуфаи пӯст ва озахҳоро хушк мекунад; бо ҳино даромехта гузошта банданд, мӯйро мерӯёнад ва онро сара мегардонад ва агар бо равғани бодоми ширин даромехта гузошта банданд, варамҳоро мулоим мекунад.

Ҳар як қисми лаблабуро бо хардал ва обкома (оши турш) бихӯранд, қулинҷро таҳлил медиҳад ва бодҳои ғализро пас менишонад. Вале хӯрдани лаблабу ба меъда зарар дорад ва агар бисёр бихӯранд, дилро беҳузур (беҷо) мекунад, хунро месӯзонад, қулинҷ ва дарди рӯдаҳоро ба амал меоварад. Ва агар лаблабуро бо наск пухта, бо обкома, оби ғӯраи ангур ва ғайра бихӯранд, ҳамаи ин зарарҳояш ислоҳ меёбанд.

Агар оби лаблабуро дар сирко бирезанд, баъд аз чор соат онро шароб мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …