Главная / Ҷамъият (страница 131)

Ҷамъият

Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат

moddai-149-kodeksi-mehnat

Моддаи 149-и Кодекси Меҳнат. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат Шакл, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандгардонӣ ва ҷубронӣ доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешаванд. Шакл ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба …

Муфассал »

Музди меҳнат дар шароити махсус

moddai-148-kodeksi-mehnat

Моддаи 148-и Кодекси Меҳнат. Музди меҳнат дар шароити махсус Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок аз рўи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин аз рўи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ музди меҳнати баланд муқаррар …

Муфассал »

Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон

moddai-147-kodeksi-mehnat

Моддаи 147-и Кодекси Меҳнат. Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифӣ пардохт карда мешавад, ки онҳоро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Ба …

Муфассал »

Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат

moddai-146-kodeksi-mehnat

Моддаи 146-и Кодекси Меҳнат. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рўи вазифа (мансаб) иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурўҳҳои мушаххаси кормандони дорои дараҷаи тахассусии касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд. Корфармоёни дигар бояд …

Муфассал »

Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат

moddai-145-kodeksi-mehnat

Моддаи 145-и Кодекси Меҳнат. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ доранд, ба музди меҳнат коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд. Номгўйи минтақаҳое, ки дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тартиби пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии …

Муфассал »

Индексатсияи музди меҳнат

moddai-144-kodeksi-mehnat

Моддаи 144-и Кодекси Меҳнат. Индексатсияи музди меҳнат Зиёд шудани музди меҳнат индексатсияи музди меҳнатро дар бар мегирад, ки аз ҷониби корфармо бо тартиби муқаррарнамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё санадҳои корфармо бо назардошти сатҳи таварруми давраи дахлдори муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Муфассал »

Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

moddai-143-kodeksi-mehnat

Моддаи 143-и Кодекси Меҳнат. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат асос мебошад. Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловагӣ, изофапулӣ, пардохти ҳавасмандгардонӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, …

Муфассал »

Таркиби музди меҳнат

moddai-142-kodeksi-mehnat

Моддаи 142-и Кодекси Меҳнат. Таркиби музди меҳнат Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доимӣ ва тағйирёбанда иборат мебошад. Ҳиссаи доимии музди меҳнат аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифӣ (маош) иборат аст. Ҳиссаи тағйирёбандаи музди меҳнат ба натиҷаҳои кор вобастагӣ дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ, аз …

Муфассал »

Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон

moddai-141-kodeksi-mehnat

Моддаи 141-и Кодекси Меҳнат. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон Низоми кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон инҳоро дар бар мегирад: 1) Низоми тарифӣ, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад: – меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат); – ҷадвали тарифӣ; – коэффитсиентҳои тарифӣ; – андозаи ҳадди ақали …

Муфассал »

Кафолати пардохти музди меҳнат

moddai-140-kodeksi-mehnat

Моддаи 140-и Кодекси Меҳнат. Кафолати пардохти музди меҳнат Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷро намудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд. Табъиз дар пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо уҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди меҳнати якхела диҳад. Ба зарари корманд …

Муфассал »