Главная / Ҷамъият / Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат

Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат

Моддаи 149-и Кодекси Меҳнат. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат

  1. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандгардонӣ ва ҷубронӣ доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Шакл ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
  3. Шакл ва низоми музди меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
  4. Тафриқабандии (дифференсатсияи) андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккабӣ ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …