Главная / Ҷамъият / Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон

Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон

Моддаи 147-и Кодекси Меҳнат. Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон

  1. Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифӣ пардохт карда мешавад, ки онҳоро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
  2. Ба дараҷаи мушаххаси тарифӣ (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандон додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рўи тартибе сурат мегирад, ки онро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.
  3. Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассусӣ дар навбати аввал дода мешавад.
  4. Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бомуваффақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ў дараҷаи баландтари тахассусӣ дода шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …