Главная / Ҷамъият / Кафолати пардохти музди меҳнат

Кафолати пардохти музди меҳнат

Моддаи 140-и Кодекси Меҳнат. Кафолати пардохти музди меҳнат

  1. Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷро намудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд.
  2. Табъиз дар пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо уҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди меҳнати якхела диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.
  3. Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат камтар буда наметавонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …