Главная / Ҷамъият / Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

Моддаи 143-и Кодекси Меҳнат. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

  1. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат асос мебошад.
  3. Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловагӣ, изофапулӣ, пардохти ҳавасмандгардонӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин пардохти барзиёдатӣ, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан дода мешаванд, дохил намегарданд.
  4. Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкўҳ муқаррар гардидаанд, андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад.
  5. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбинӣ карда шавад, ба истиснои ташкилоте, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад ва аз дотатсияи давлатӣ истифода мебарад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …