Главная / Ҷамъият (страница 129)

Ҷамъият

Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

moddai-169-kodeksi-mehnat

Моддаи 169-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд: – кумакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа; – нигоҳ доштани музди миёнаи …

Муфассал »

Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад

moddai-168-kodeksi-mehnat

Моддаи 168-и Кодекси Меҳнат. Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад Дар давраи ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани корманд, ки бояд аз чунин ташхис гузарад, музди меҳнати моҳонаи ў дар ҷойи кораш нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми ташхиси корманд дар марказҳои бемориҳои касбӣ музди меҳнати моҳонаи …

Муфассал »

Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

moddai-167-kodeksi-mehnat

Моддаи 167-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд Ҳангоми дар ҳамон ташкилот ба кори доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати пешинаи ў дар муҳлати ду моҳ аз рўзи гузаронидан нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми гузаронидани корманд мутобиқи хулосаи тиббӣ бинобар осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби …

Муфассал »

Кафолатҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо ба манфиати кормандони ташкилот

moddai-166-kodeksi-mehnat

Моддаи 166-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо ба манфиати кормандони ташкилот Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилот мебошад, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар мекунанд.

Муфассал »

Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок

moddai-165-kodeksi-mehnat

Моддаи 165-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок Кормандон, ки вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок аз кор озод карда мешаванд (сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур), баъд аз ба анҷом расидани муҳлати хизмат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи …

Муфассал »

Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ

moddai-164-kodeksi-mehnat

Моддаи 164-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ Корфармо уҳдадор аст кормандро дар муддати иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рухсат дода, ҷойи кораш (вазифааш) ва музди миёнаи меҳнаташро нигоҳ дорад.

Муфассал »

Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

moddai-163-kodeksi-mehnat

Моддаи 163-и Кодекси Меҳнат. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати корманд барои ҷуброни қарзҳояш дар назди корфармо тибқи амри корфармо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад: – барои баргардонидани …

Муфассал »

Фонди захиравии музди меҳнат

moddai-162-kodeksi-mehnat

Моддаи 162-и Кодекси Меҳнат. Фонди захиравии музди меҳнат Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхўрии ташкилот, қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи …

Муфассал »

Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат

moddai-161-kodeksi-mehnat

Моддаи 161-и Кодекси Меҳнат. Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳое, ки тибқи ҳисоби хоҷагӣ фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба дастомада ба ҳисоб рафта, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад.

Муфассал »

Ҷойи пардохти музди меҳнат

moddai-160-kodeksi-mehnat

Моддаи 160-и Кодекси Меҳнат. Ҷойи пардохти музди меҳнат Музди меҳнат ба корманд бевосита дар ҷойи кор (дар ташкилот) пардохт карда мешавад. Агар корманд дар рўзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизматӣ, дар курсҳои такмили ихтисос ва монанди онҳо), он гоҳ …

Муфассал »