Главная / Ҷамъият / Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон

Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон

Моддаи 141-и Кодекси Меҳнат. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон

  1. Низоми кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон инҳоро дар бар мегирад:

1) Низоми тарифӣ, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад:

– меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат);

– ҷадвали тарифӣ;

– коэффитсиентҳои тарифӣ;

– андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– андозаи меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифии кормандони соҳаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тарифҳои ҷумҳуриявии музди меҳнат – меъёрҳои соатбайъ ё моҳонаи тарифӣ (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурўҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадори ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дотатсияҳои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;

– миқдори зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёрӣ фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рўзҳои истироҳатӣ ва ид, зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат;

– чораҳо барои нигоҳдории сатҳи воқеии таъмини музди меҳнат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– маҳдуд кардани нигоҳдории андозаи музди меҳнат, аз ҷумла ҳаҷми андозбандӣ аз даромад;

– назорати давлатии пардохти пурраи саривақтии музди меҳнат ва амалӣ намудани кафолатҳои давлатӣ оид ба қисмати андозаи он;

– ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба музди меҳнат.

  1. Мушкилоти иҷрои кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифӣ аз рўи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ сурат мегиранд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
  2. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, тааллуқ дорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …