Главная / Ҷамъият / Ҷойи пардохти музди меҳнат

Ҷойи пардохти музди меҳнат

Моддаи 160-и Кодекси Меҳнат. Ҷойи пардохти музди меҳнат

  1. Музди меҳнат ба корманд бевосита дар ҷойи кор (дар ташкилот) пардохт карда мешавад.
  2. Агар корманд дар рўзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизматӣ, дар курсҳои такмили ихтисос ва монанди онҳо), он гоҳ бо хоҳиши корманд корфармо бояд аз ҳисоби худ ба ў музди меҳнаташро равон кунад ё маблағро бо розигии корманд ба шахсони бовариноки ў супорад.
  3. Бо хоҳиши корманд музди меҳнат пурра ё қисман ба суратҳисоби бонкии ў гузаронида мешавад.
  4. Музди меҳнат мумкин аст тариқи кортҳои бонкӣ пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасонӣ аз корманд маблағ ситонида намешавад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …