Главная / Ҷамъият / Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

Моддаи 163-и Кодекси Меҳнат. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

  1. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
  2. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати корманд барои ҷуброни қарзҳояш дар назди корфармо тибқи амри корфармо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;

– барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоби нодуруст зиёдатӣ дода шудааст;

– барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вақт барнагардонидае, ки барои сафари хизматӣ ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷойи дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозигӣ баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рўзи охирини муҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рўзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;

– ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнатӣ гирифтааст, барои рўзҳои корнакардаи рухсатӣ. Агар корманд бо асосҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми қисми 1 моддаи 42 ва сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур аз кор озод шуда бошад, инчунин ҳангоми фиристонидан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолате, ки дар рўзи аз кор озод шудан корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надошта бошад, маблағ барои ин рўзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад;

– ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (моддаи 189 Кодекси мазкур).

  1. Музди меҳнатеро, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои ҳисоби нодуруст аз корманд рўёнидан мумкин нест.
  2. Корфармо уҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ў бо тартиби ҳисоби ғайринақдӣ нигоҳ дорад.
  3. Андозаи умумии нигоҳдошташаванда аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромадҳои корманд аз 20 фоиз ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 50 фоизи музди меҳнати корманд зиёд буда наметавонад.
  4. Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷро бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.
  5. Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур муқаррар шудаанд, барои нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкунӣ ва рўёнидани алимент, ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда татбиқ намегарданд. Дар ин ҳолатҳо андозаи нигоҳдошташаванда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.
  6. Ба нигоҳ доштани маблағ аз кумакпулиҳои яквақта, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …