Главная / Ҷамъият / Фонди захиравии музди меҳнат

Фонди захиравии музди меҳнат

Моддаи 162-и Кодекси Меҳнат. Фонди захиравии музди меҳнат

  1. Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхўрии ташкилот, қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнатро таъсис диҳад.
  2. Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …