Главная / Илм (страница 212)

Илм

Бомус дар Канзи Шифо (Китоб)

bomus-660x330

Бомус (русс. Овёс) — ин растании зироатист, низ дар миёнаи гандум ва ҷав ҳам рӯиданаш мушоҳида мешавад. Инро ҷави дусар ҳам меноманд. Ҳангоми дон гирифтан, вақти хомиаш досааш рост ва баъди расидан досаи он каҷ мегардад. Донаш сафед, ки аз як парда ду дона ба ҳам мерасад. Инро ба забони …

Муфассал »

Коснӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

kosni-660x330

Коснӣ (русс. цикорий) — ин гиёҳи маълум аст, баргаш қариб ба барги коҳу монанд аст, гулаш кабуди хушманзар ва таъми ин талх мебошад. Мизоҷи тару тозаи он дар охири дараҷаи аввал хунук ва тар аст. Агар дар ҷоҳои гарм ва дар ҳавои гарм расида бошад, мизоҷаш гарми ба хушкӣ моил мегардад. Ва мизоҷи …

Муфассал »

Наргис дар Канзи Шифо (Китоб)

nargis_2-660x330

Наргис — Ин гули хушбӯй ду навъ мебошад: яке қадаҳӣ, дигараш дутубақа. Гули навъи қадаҳии онро дар мобайнаш ба шакли қадаҳе ё пиёлачае, зардранг, баргҳои гулаш шаш адад, сафед ва моил ба гирдак. Инро наргиси нар ҳам мегӯянд ва навъи дутубақаро наргиси мода мехонанд. Баргҳои он зиёда ва бо рангҳои гуногун, …

Муфассал »

Садбарги сафед дар Канзи Шифо (Китоб)

sadbargi_safed-660x330

Садбарги сафед  — Инро дар як қатор мавзеъҳо тоҷикон ба таври оддӣ «гули сафед» низ меноманд. Гулаш монанди гулисурх садбарг аст, бӯяш бисёр латиф ва хуш, баргҳояш чун баргҳои гулисурх сафнок, буттааш ҳам ба қадри гулисурх мебошад. Мизоҷи ин дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст, вале Шайхурраис дар …

Муфассал »

Наъноъ дар Канзи Шифо (Китоб)

pudinai_bogi-660x330

Наъноъ —  дар баъзе маҳалҳо тоҷикон пудинаи боғӣ ҳам меноманд. Баргҳояш назар ба баргҳои пудина резатар, нозуктар ва суфтаву ҳамвортар аст. Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: наъноъ дар ҳама ҷиҳатҳои тиббӣ қавитар аз пудина мебошад. Агар инро бихӯранд, гармӣ мебахшад, фараҳ меоварад, дилро қавӣ …

Муфассал »

Райҳон дар Канзи Шифо (Китоб)

raihon-660x330

Райҳон (русс. Базилик) — ин растании бӯстонии маълум аст, баргҳояш калонтар ва қисми резабаргҳояш ҳам мавҷуд аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши Райҳон: инро бихӯранд, гиреҳҳои майнаро мекушояд, варамҳои ҳамаи узвҳоро таҳлил медиҳад: дилтапак (дилбозӣ), сустӣ ва заъфи меъдаро шифо мебахшад, инчунин бодҳои ғализро …

Муфассал »

Мармарак

marvak-2-560x330

Мармарак ё худ Марвак ва ё Кампиргулак (русс. Шалфей) — ин гиёҳи яксола ва ё бисёрсолаи намудҳои гуногун дорад, беҳтарини ҳамааш навъи хушбӯйи он аст. Тухмаш монанди тухми зағир, бинобар ин инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон зиғирак (зағирак) ҳам мегӯянд. Мизоҷи навъи хушбӯяш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Мизоҷи …

Муфассал »

Зардолу дар Канзи Шифо (Китоб)

zardolu_-500x330

Зардолу — Ин меваи маълум аст, ки навъҳои гуногун дорад: мағзаш талх ва ширин низ мебошад. Беҳтарини ҳамааш пӯсташ нафис, шодоб, ширин ва берешаи мулоими он аст, ки мағзи донакаш низ ширин бошад. Мизоҷи ин дар дараҷаи дувум сард ва тар аст. Зоҳиран мизоҷи зардолуи ширин гармтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он. …

Муфассал »

Лиму дар Канзи Шифо (Китоб)

lemon-600x330

Лиму (Лимон) — ин маълум аст, ки самари он дар таъм гуногун, турш, ширин ва майхуш (туршу ширин) мебошад. Беҳтарини он калон-калони пӯсташ тунук, ялаққосӣ, расидагӣ ва сероби он аст. Ин самар ҳангоми норасӣ сабз ва дар вақти пухта расидан зарди андак ба сурхӣ моил мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард …

Муфассал »

Маргимоҳӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

margimohi_dumigov

Маргимоҳӣ (Думигов) — Ин гиёҳро кӯфта, дар об андозанд, моҳиёнро беҳис гардонида ва онҳо чаппа гашта ба рӯйи об мебароянд, ҳатто мемиранд. Бинобар ҳамин маргимоҳӣ ном гирифтааст. Дар баъзе маҳалҳо тоҷикон инро думигов низ меноманд. Қадди ин гиёҳ ба ҳисоби миёна то як метр мехезад, баргҳояш хокистарранги пашмакдор, ба рӯйи замин …

Муфассал »