Главная / Гуногун / ДУДИ ҲАЗОРИСПАНД 

ДУДИ ҲАЗОРИСПАНД 

Як вақтҳо дар тамоми шаҳри Бухоро касалии вабо  паҳн  мешавад. Муромурӣ бисьёр  авҷ мегирад. Одамон ҳама ҳайрон, чӣ кор карданашонро намедонанд. Баъзеҳо Бухороро тарк карда, бо молу ҳолашон ба шаҳрҳои дигар  кўчида  мераванд, баъзеҳо ба тақдирашон тан дода, «ҳарчӣ шавем, шавем» гуфта, дар хонаҳошон мемонанд. Подшоҳи Бухоро барои пеши ин касалиро гирифтан ҳамаи уламою донишмандони мамлакатро ҷамъ карда, ба онҳо супориш медиҳад, ки илоҷи аз ин бало халос кардани мардумро ёбанд. Аммо ҳеҷ кас дар ин бобат ҳеҷ кор карда наметавонад. Иттифоқо ба подшоҳ хабар медиҳанд, ки кадом як кунҷи шаҳр Абўалӣ гуфтагӣ як табиби ҷавон ҳасту агар тавонад, илоҷи ин хел касалиро фақат ҳамон кас ёфта метавонад. Одам монда Абўалиро ба пеши подшоҳ гирифта меоянд. Подшоҳ Абўалиро дида аввал назараш  намегирад, баъд дилу бедилон  мегўяд:

zahravi-1-e1569412642664-1024x606    – Агар дар ҳақиқат табиб бошед, ягон чораи ҳамин касалиро бинед.

Абўалӣ «хуб» мегўяд ва хоҳиш мекунад, ки барои ў ҳазориспанди бисьёре ҷамъ карда биёранд. Бо фармони подшоҳ хоҳиши Абўалӣ зуд иҷро мегардад. Абўалӣ ҳазориспандро дар мобайни шаҳр ғун карда, онро дуд мекунонад. Дуд тамоми шаҳрро фаро мегирад. Ҳама ҷо сип-сиёҳ дуд, ҳама ҷо бўи ҳазориспанд, аз бисьёрии дуд чашм кушода як қадам пеш монда намешавад. Баъд аз ин ҳодиса ба одамони касал оҳиста-оҳиста ҷон медарояду касалӣ аз шаҳр барҳам мехўрад. Подшоҳ ба доногии Абўалӣ қоил шуда, ба ў пулу чизи бисьёр медиҳад ва офарин мегўяд. Аз ин кори Абўалӣ одамон мефаҳманд, ки ҳазориспанд ба касалии вабо даво будааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …