Главная / Гуногун / ИБНИ СИНО ВА ПОДШОҲ  

ИБНИ СИНО ВА ПОДШОҲ  

Рўзе  аз рўзҳо  подшоҳе касал шуд. Ба дарди бисьёр бад гирифтор шуд. Абўалӣ Сино дар кадом мамлакат шунид, ки подшоҳи шиносаш касал шудааст. Нону намакхўрда, ки буд, омад. Омад, дид, як дарде, ки на по кор мекунад, на даст. Дар тахт як халта барин хоб мекунад.

Подшоҳ гуфт, ки:

– Э, буродар, Абўалӣ Сино, ту бародари манӣ. Ман ба ҳамин дар гирифтор шудам. Ягон роҳи табобати касалии ман ҳаст ё не?

Абўалӣ Синод диду гуфт, ки:

– Табобати ин дард осон, ҳеҷ гап не.

– Осон? Дар дуньё на табиб монд, на бало монд, на бадтар, сиҳат нашудам! – гуфт подшоҳ.

– Хайр, мешавад-дия, зиндагӣ-дия. Мана пагаҳ саб-сиҳат мешавӣ, – гуфт Абўалӣ Сино.

Подшоҳ ҳайрон шуду гуфт, ки:

– Чи бояд кард?

– Ба халқ эълон кунанд, ки, – гуфт Абўалӣ, – ба ҳаммом пагоҳ ҳеҷ кас наравад.

Подшоҳ гуфт, ки:

– Хуб!

Ба ҳаммом ҳеҷ кас нарафту Абўалӣ Сино фармуд, ки подшоҳро  ба замбар андохта ба ҳаммом баранд. Гирифта бурданду ҳаммомро гарм карданд. Абўалӣ Сино ҳам дорую давои вайро тайёр карда, ба ҳаммом бурд. Баъд одамҳоро фармуд, ки:

– Дароетон, подшоҳро дар байни ҳаммом монетону дарро маҳкам кунетон. Якта аспи нағзи погайҳчиро зину авзол карда, ба дари ҳаммом бурда монетон.

Аспи пойгаҳчиро ҳам ба дари ҳаммом оварда бастанд. Абўалӣ Сино подшоҳро ба ҳаммом дароварду дарро маҳкам карду дид, ки ҳаммом гарм.

– Канӣ, домулло, хеста як ин сў-он сў гардед, – гуфт ба подшоҳ.

– Шумо ғалатӣ гап мезанед-а! ман агар гашта метавонистам, шуморо даъват мекардам-мӣ? – гуфт подшоҳ.

– Хез, ин ҷо ҷои подшоҳӣ не! – гуфту ба дасташ як даста химчаи хорро гирифта, кашидаю кушода, ба тахтапушти подшоҳ чунон зад, ки куртааш тит-тит шуд.

– Э, дар гўри дадет туя, – гуфта, ҳайбат кард подшоҳ.

Ғазаби подшоҳ омад, дар ҷаҳл шуд. Аз як тараф гармии ҳаммом таъсир карда, рагу пайвандҳо кушода шудан гирифтанд.

Бо яктаи дигар заду:

– Хез, ин сў-он сў қадам мон! Ин ҷой ҷои подшоҳи не! – гуфту боз якта зад.

Қаҳри подшоҳ омад, хеста каллаи Абўалӣ Синоро гирам мегўяду илоҷаш не.

Абўалӣ Сино дид, ки аз ғояти қаҳру ғазаб ҳамаи рагу пайвандҳои  подшоҳ кушода шуданд. Подшоҳ аз ҷояш хеста ду-се қадам монд. Абўалӣ дарро кушод, боз маҳкам пўшиду ҳамон аспи бузтозро сувор шуда, ҳай кард-дияе!

Подшоҳбо ҳамон қаҳру ғазаб тўппа-тўғри ба идорааш рафту гуфт, ки:

-Эй аспро савор шавед, падарнаълатро даст гиред, дар гўри дадои ин Абўалӣ Сино фалону беҳмадон, манро қариб кушта буд-ку! Вай маро сиҳат намекардааст, вай маро мекушатааст!

Вазирҳо гуфтанд, ки:

-Ҳой, тавба кунед, аз ҳамон ҳаммом худатон омадуд ё ягон кас пуштора карда омад?

– Худам омадам.

– Э, тавба кунед-е! Дардатон ҳам бад будаасту давояш ҳам бад, тавба кунед!

Подшоҳ, дар ҳақиқат фикр карду  фаҳмид, ки аз ҳаммом худаш омад, охир ҷунбида наметавонист. Баъд қаҳраш паст шуда, мулоим шуду гуфт, ки:

– Рафта азоб надода, ба асп савор карда биёретон!

Ду одам пешакӣ рафтанду аз ким-куҷо, даҳ чақрим-мӣ, бист чақрим-мӣ, сӣ чақрим-мӣ, Абўалӣ Синоро дастгир карда дасташро бастанд, пояшро бастанд, дар рўи асп одамкуш барин гирфта оварданд.

«Ҳай дареғ, инҳо маро ягон кор мекунанд» -гуфт дар дилаш Абўалӣ Сино.

Баъд як кас аспро обу арақ кунонду рафту гуфт, ки:

– Э, кушоед дасту пои Абўалӣ Синоро.

Абўалӣ Сино гуфт, ки: «Хайрият, ягон кас некӣ кардааст».

Кушоданд. То Абўалӣ Синоро овардан вазирҳо боз ба подшоҳ фаҳмонда доданд:

– Бародар, ту аз ин ҷаҳлат  гард! Дардат ҳам бад будааст, давош ҳам бад. Агар ҳамин тавр намекард, ту сиҳат намешудӣ! Чанд сол ту хоб кардӣ, ҳамин қадар, ки табобат карданд, ба болои курпаи нозу пари қу хобонданд, ту сиҳат нашудӣ!

Подшоҳ аз корҳои кардагиаш пушаймон шуду Абўалӣ Синоро оварданд. Подшоҳ аз ҷояш хесту даҳани дар рафта, бо лабу даҳани пурханда Абўалиро ошноӣ карда овард, ба паҳлўяш шинонд.

– Буродар, – гуфт, – акнун ҳамин коре, ки ман кардам, аз рўи ҷаҳлу ғазабу хашм буд, ту ин гуноҳро мегузарӣ. Ман ҳам гуноҳи туро гузаштам. Ана ин калиди хазина, ана ин шаҳр, гиру хўру гард.

Абўалӣ Сино гуфт:

– Буродар, сиҳат шудӣ?

– Сиҳат шудам.

– Думи манро дигар нагир.

– Не, – гуфт подшоҳ, – ман туро намемонам. Ман як беақлӣ кардам, гуноҳамро мегузарӣ, лекин туро намемонам!

– Не, – гуфт Абўалӣ, – думи манро нагир. Ман одами сайёра, ба куҷое хизмат кунам, ба куҷое кор  кунам, ба куҷое кайф кунам, ихтиёрам.

Подшоҳ гуфт:

– Не, намемонам.

Баъд Абўалӣ Сино  гуфт, ки:

– Э буродар, ҳама ҷо ба ҷо шинанд, ман як ҳикоят мекунам, агар ба шумоҳон маъқул шавад, гўетон «маъқул», маъқул нашавад, гўетон «номаъқул».

Баъд гуфтанд, ки:

– Канӣ, ҳикоятро сар кун!

Абўалӣ Сино  ҳикоятро сар мекунад:

– Як марди камбағал буду ҳеҷ рўзаш беҳ намешуд. Аммо дар дари хонааш як мор хона дошт. Як рўз ба худаш фикр кард, ки: «Ҳамин шири модаговро ба бозор барам, фурўшаму ягон чиз харам, биёрам, зиндагӣ кунам».

Ҳамин говро ҷўшиду ширро дар хурма гирифту ба бозор бурд. Ширро тифоқан ҳеҷ ки нахарид. Марди камбағал маъюс шуду бозгашт кард. Дар роҳи хонааш як ғор буд. Дар рў ба рўи ҳамон ғор хурмаро монду таҳоратшиканӣ шишт. Аз ҷояш хесту дид, ки аз даруни ғор як мор баромад, омад, ҳамон ширро хўрду монду рафт. Ин мард саросема нашуда боз озмуду гуфт, ки: «Аҷаб мор будаст-а?» Ҳамон мор рафту дар даҳанаш дута тиллоро оварду даруни хурма партофт. Ду тиллоро мард гирифту аҳволаш нағз шуд. Камбағал хурсанд шуд, «аҷаб ҷояшро ёфтам» гуфт. Қиса кўтаҳ, ҳаррўз, ба касе нафаҳмонда, шири ҷўшидаашро бурда дар ҳамон ҷо мемонд, мор мехўрду ду тилло меоварду ба хурма мепартофт. Ҳамин қатӣ ин таҳхона кард, болохона кард.

Ў як писари оқипадар дошт, аз омадани давлат хабар надорад. «Ин падари ман аз куҷо меёбад» – мегўяд. Охир, тоқат карда натавонист, як пагоҳ барвақт хесту омад пеши падараш,чорзону карда шишту шамшерро аз миёнаш кашиду ба пеши падараш партофта гуфт:

– Эй падар, ҳамин давлати ёфтагиро мегўӣ аз куҷо? Агар намегўӣ, бо ҳамин шамшер мезанам, калаат мепарад!

Марди камбағал гуфт: «Оббо, кор ганда шуд. Чӣ кор кунам? Агар ба ин гўям, ин як бачаи аҳмақи намешудагӣ, морро мехўсонад. Агар нагўям, манро мекушад. Гашта фикр карда фикр карда гуфт:

– Писарам, ту хўрданатро дону пўшиданатро дону аз куҷо омадани давлатро напурс. Агар пурсӣ, ҳам ту хафа мешавию ҳам ман.

– Не, падар, гапамро ду накун, – гуфт бача.

Баъд дид, ки намешавад, камбағал гуфт, ки мана масъала ҳамин.

Ин гапро бача фаҳмиду гуфт:

– Набошад, ин пагоҳӣ ширро ман мебарам.

Камбағал бисьёр хафа шуд, гуфт, ки: «Ин морро хурсанд мекунад ё хафа мекунад». Ин оқипадар ҳама вақт дар миёнаш шамшер дошт. Ширро бурду дар ҳамон ҷои муқаррарии камбағал мемондагӣ монду гашта омада камтар поида истод. Мори бечора ақидаи ҳаррўза карда, баромад, ширро хўрда акнун ба тилло мерафт, ки бача тоқат карда натавониста гуфт:

– Широ бепул хўрдӣ, пул напартофта меравӣ?

Қаҳру ғазабаш омад бачаро, хуни бачагӣ дар ҷўш омад, шамшерро кашиду зад, як ваҷаб думи мор бурида шуда ғалтиду мор ба даруни ғор даромад. Мор ба худаш фикр кард, ки: «Во аҷабо, ин чӣ хел ноҷинс буд, ки манро ин тавр кард? Тоқат накард, ки ман ҳаққашро диҳам».

Мор аз ғор баромад, рўи бача ба тарафи хона буд, ки бо тамоми қувваташ заҳр зад, бача ғалтиду дар ҳамон ҷо сип-сиёҳ шуда мурд.

Марди камбағал фикр кард: «Аз мўлҷар гузашту барои чӣ дараки Писарам не?» тарафи ғор рафт. Омад, дид, ки бача рўяш ба тарафи хонаю мурда мондааст. Хурмаро дид, ки холӣ истодаасту думи мор як ваҷаб буридагию сари мор ба тарафи ғор. Марди камбағал фикр кард: «Барои чӣ ин тавр шудааст. Ҳамин мор аз хона баромадааст, омадааст, ширро хўрдааст, вақти акнун «тилло мебиёрам» гуфта ба тарафи хонааш рафтан ин «чизе надод» гуфта ҷаҳли бачагӣ ғолибӣ кардааст, задаст, думи мор бурида шудааст. Аммо мор сиҳат ба хона даромадааст. Аз кори кардагии бача хашмнок шуда, таоми қувваташро ҷамъ карда вақти бача хурмаро гирифта ба тарафи хона рафтан заҳр задаст, бача мурдааст. Ин айби мор несту бачаи худам». Мард чунин хулоса бароварду фарёд кард:

-Ҳой, морҷўра, баро! Мо  ҷўраи қадима, ман хафа намешавам.

Мор боз дам назад. Сеюм бор ҷеғ зада буд, ки мор баромад. Гуфт, ки:

– Ту барои чӣ хафа шудӣ?

Мор гуфт, ки:

– Ту худат барои чӣ наомада, ҳамин бачаро фиристодӣ?

Камбағал гуфтугўи писарашу худашро ба мор гуфт, ки мор ҳам қаноатбахш шуд. Марди камбағал гуфт, ки:

– Буродар, ту акнун думи буридаатро ба хотир набиёр, ман бачаи мурдагиамро. Мо мисли пештара дўстӣ кардан мегирем. Мор гуфт, ки:

– Не, аз ҳамин рўз бутун буродариро мебурем.

– Сабаб?

– Сабаб ҳамин, ки агар ман даруни ғор будагӣ тиллоро бароварда ба ту диҳам ҳам, ҳамин заҳр зада бачаатро куштагиам аз дилат намеравад. Дар мавридаш дар дилат мегўӣ, ки «ту ҳамон падарнаълат нестӣ, ки бачаи маро заҳр зада кушта будӣ?». Ту агар даҳта гови ҷўшоӣ гирию ширашро ман хўрам, ба якаш не, ба якаш ба дилам меояд, ки: «Ту ҳамон падарлаънат нестӣ, ки бачаат думи манро бурида буд?». Ин ду гап то зинда будани тую ман аз диламон намеравад. Аз ҳамин рўз паноҳи ту ҳам ба худо, паноҳи ман ҳам ба худо.

– Э, буродар, вазирҳо, – гуфт Абўалӣ Сино, – агар ҳамин подшоҳ калиди хазинаашро диҳад, тамоми хазинаро ман барбод кунам, як рўз не, як рўз ба дилаш мебиёд, ки «Ту ҳамон падарлаънат нестӣ, ки дар даруни ҳаммом маро ба химчаи хордор зада будӣ?». Ба дили ман мебиёяд, ки: «Ту ҳамон подшоҳ нестӣ, ки аз пасам ду касро фиристода «ўро баста биёр, мекушам» гуфта будӣ? Буродар, ин ду гап аз дили мою ту намеравад. Ин гапам маъқул ё номаъқул?

Подшоҳ гуфт:

– Маъқул, ин то мурдан аз дил намеравад.

– Ҳамин хел, ки бошад, – гуфт Абўалӣ Сино, – буродар, паноҳат ба худо. Агар ягон касал – пасал шудӣ, манро хабар куну аммо умед накун, ки ман меистам.

Бо ҳамин Абўалӣ Сино хест, аспашро савор шуд, аз пушти кори худаш рафт.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …