Главная / Илм / Зира дар Канзи Шифо (Китоб)

Зира дар Канзи Шифо (Китоб)

zira-650x330Зира — Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва ба ранг гуногун мешавад: сиёҳ, сабз, зард ва сафед. Баргаш гирдшакл, қуббаи он монанди шибит аст, хушбуй, дар аксари маҳалҳо месабзад. Ҳар як намуди зира бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Даштии он ҳамчун даво аз бӯстонӣ қавитар ва кӯҳиаш аз даштӣ пуркувваттар аст. Як навъ даштиашро барг монанди шоҳитара аст, тухмаш анбӯҳ ва ба сиёҳдона шабоҳат дорад. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст, вале ба қавли баъзе табибон, гармӣ ва хушкиаш дар дараҷаи севум мебошад. Хислатҳои шифобахши он: зираро як шаб дар сирко тар карда, баъд дар бинӣ бирезанд ё он сиркоеро, ки зира дар он тар карда шуда бошад, дар бинӣ кашанд ва ё даруни биниро аз он зираи таркардашуда пур кунанд, хуни биниро мебандад.

Зираро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро дар чашм чаконанд, хунравии онро қатъ мекунад, пардаи дар он афтодаеро, ки   чашмро торик мегардонад, пок  месозад,               реши     чашмро    шифо мебахшад, нуқтаҳои сурхи даруни чашмро мебардорад, кабудии хуни дар зери пӯст мурдаро дафъ менамояд (барои охиринаш  хусусан,   ки бо равғани зайтун даромехта чаконанд, беҳтар аст).

Зираро бо намак хоида оби онро дар чашм чаконанд, қутури чашм ва сурхии онро дафъ мекунад; инчунин баъд аз бурида дур сохтани нохунак бичаконанд, ба ҳам часпидани ҷойи онро манъ месозад; зираро бо сафедаи тухми мурғ якҷо хоида бичаконанд, дарди чашмро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад.

Зираро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, назлаҳоро мебандад ва дарди дандонро таскин медиҳад, хусусан бо кокутӣ ҷӯшонида бошанд, дар ин бобат қавитар мегардад.

Зираро бо обе, ки сирко омехта бошанд, биёшоманд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас) ва дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш сардӣ бошад, шифо мебахшад.

Хӯрдани зира ҷигар, меъда, гурда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад; иштиҳоро ба ҳаракат меоварад, бодҳои дохилиро таҳлил медиҳад; ҳиккак (хиқичоқ)-и рутубӣ ва бодӣ, ҳазм ноёфта фуромадани таом, дарди рӯдаҳо аз бисёрии бод, варами сипурз, исҳоли рутубӣ (дар исҳоли рутубӣ хусусан бирёнкардаи он қавитар) — ҳамаашро шифо мебахшад: пешоб ва ҳайзи бандшударо меронад, чакмезакро ба ибро меоварад.

Чун зираро бо намак якчо хоида фурӯ баранд, равон шудани рутубатҳои бемавриди меъдаро қатъ мекунад. Агар зираро як шабонарӯз дар сирко парварда, яъне тар карда, баъд хушк намуда бихӯранд ва ба ин амал мудовамат намоянд, одати бади хок хӯрданро қатъ мекунад.

zira-300x176Зираро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, бодҳои зарарноки рӯдаҳо, меъда ва гурдаро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад. Зираро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро қатъ менамояд. Кӯфтаи зираро бо равғани зайтун хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад.

Зираро бо шароб биёшоманд, заҳри морро аз бадан дафъ мекунад. Зираро кӯфта, бо орди боқило сиришта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; бо мумравғани зайтунӣ ва бо орди боқило сиришта гузошта банданд, варами хояҳоро пас мегардонад.

Агар зираи кӯфтаро ба захм ва ҷароҳатҳо пур кунанд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Зираро кӯфта, бо об сиришта бимоланд ё бо он бишӯянд, башараро пок мегардонад.

Зираро бардавом бихӯранд ё арақи онро муттасил бинӯшанд, баданро лоғар ва рангро зард мекунад. Чун оби зираро бар бадани тифли навзод бимоланд, дар тамоми умр дар бадани ӯ шапуш пайдо намегардад. Вале хӯрдани зира ба шуш зарар дорад — давояш катиро хӯрдан аст. Миқдори як бор хӯрдан аз зира дар як рӯз то 7 грамм аст.

Зира барои одамони хунукмизоҷ, пирон ва балғамимизоҷон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хӯришҳои хушбӯйи таом, масалан, бо шибит ва дорчинӣ, ҳангоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро сабукҳазм, қавӣ мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад ва бодҳоро таҳлилдиҳанда мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …