Якеро аз мулук маразе хоил буд, ки иодати зикри он нокардан авлитар. Тоифаи ҳукамои Юнон мутаффиқ шуданд, ки мар ин дардро давое нест магар заҳрае одаме, ки ба чандин сифат мавсуф бошад, бифармуд талаб кардан. Деҳқонписаре ёфтанд бад-он сифат, ки ҳакимон гуфта буданд. Падару модарашро бихонд ва ба неъмати бекарон …
Муфассал »Инҷил китоби Насрониён
Дар «Инҷил» омадааст, ки «Эй фарзанди Одам, агар тавонгарӣ диҳамат, муштағил шавӣ ба мол аз ман ва гар дарвеш кунамат, тангдил нишинӣ, пас ҳаловати зикри ман куҷо дарёби ва ба ибодати ман кай шитобӣ!» Гаҳ андар неъмати мағруру ғофил, Гаҳ андар тангдасти хаставу реш. Чу дар саррову зарро ҳолат ин …
Муфассал »Вазири ғофил
Вазири ғофилеро шунидам, ки хонаи раият хароб карди, то хизонаи султон обод кунад бехабар аз қавли ҳакимон, ки гуфтаанд: «ҳар ки худойро азза ва ҷалла биёзорад, то дили халқе ба даст орад, худованди таоло ҳамон халқро бар ў гуморад, то димор аз рўзгораш барорад». Оташи сўзон накунад бо сипанд, Он …
Муфассал »Зуннуни Мисрӣ
Яке аз вузаро пеши Зуннуни Мисрӣ рафт ва ҳиммат хост, ки рўзу шаб ба хидмати султон машғулам ва ба хайраш умедвору аз уқубаташ тарсон. Зуннун бигрист ва гуфт: – Агар ман худойро азза ва ҷалла чунин парастидаме, ки ту султонро, аз ҷумлаи сиддиқон будаме. Гар на умеду биму роҳату ранҷ, …
Муфассал »Пушаймони пеш аз мурдан
Ду кас мурдану тахассур бурданд: яке он кӣ дошту нахўрд ва дигар он кӣ донисту накард. Фурсат ғанимат шумор. Касе набинад бахил фозилро, Ки на дар айб гуфтанаш кўшад. В-ар кариме дусад гуннаҳ дорад, Карамаш айбҳо фурў пушад. Тамом шуд китоби «Гулистон» ба тавфиқи бори азза исмаҳу. Дар ин ҷумла …
Муфассал »Қиссаҳо аз Саъдии Шеърозӣ
Ҳакимеро пурсидаанд: «Чандин дарахти номвар, ки худои азза ва ҷалла офаридаасту барўманд, ҳеҷ якро озод нахондаанд магар сарвро, ки самаре надорад. Гўй, дар ин чӣ ҳикмат аст?» Гуфт: – ҳар якеро дахле муайян асту вақте маълум, ки гоҳе ба вуҷуди он тозаанду гоҳе бо одами он пажмурда ва сарвро ҳеҷ …
Муфассал »Қозӣ чу ба ришват бихурад панҷ хиёр,
Ҳама касро дандон ба турушӣ кунад шавад магар қозиёнро, ки ба ширинӣ. Қозӣ чу ба ришват бихурад панҷ хиёр, Собит кунад аз баҳри ту даҳ харбузазор.
Муфассал »Панд: Ба лутф беҳ, ки ба ҷанг оварию дилтангӣ.
Шоҳ аз баҳри дафъи ситамгорон асту шаҳна барои хунхорон ва қозӣ маслиҳатҷуӣ тарророн. Ҳаргиз ду хасми ба ҳақ розӣ пеши қозӣ нараванд. Чу ҳақ муояна донӣ, ки мебояд дод, Ба лутф беҳ, ки ба ҷанг оварию дилтангӣ. Хироҷ агар нагузорад касе ба тийби нафас, Ба қаҳр аз ў биситонанду музди …
Муфассал »Ёраб, бар бадон раҳмат кун, ки бар некон худ раҳмат кардаӣ
Оқил чу хилоф андар миён омад, биҷаҳад ва чун сулҳ бинад, лангар биниҳад, ки он ҷо саломат бар карон асту ин ҷо хҳловат дар миён. Мақомро се-шаш мебояд, валекин се-як меояд. Ҳазор бор чарогоҳ хуштар аз майдон Валекин асп надорад ба дасти хеш инон. *** Дарвеше ба муноҷот-дар мегуфт: «Ёраб, …
Муфассал »Ҳар кӣ ба зердастон набахшояд, ба ҷаври забардастон гирифтор ояд.
Ҳар кӣ ба зердастон набахшояд, ба ҷаври забардастон гирифтор ояд. На ҳар бозу, ки дар вай қуввате ҳаст, Ба мардӣ оҷизонро бишканад даст. Заифонро макун бар дил газанде, Ки дармонӣ ба ҷаври зўрманде.
Муфассал »