Дар зиндагии рӯзмарраи одамон либос низ чун хӯрокворӣ ва манзил нақши бузург мебозад. Либос гуфта маҷмӯи ашеро меноманд, ки ба онҳо одам бадани худро пурра ё қисман мепӯшонад.
Либос нишони маданияти моддии одам буда, дар худ хусусиятҳои миллӣ, махсусиятҳои инфиродии эҷодиро таҷассум мекунад ва аз ин рӯ ҳамеша объекти дарки эстетикӣ мебошад. Либос аз замони басо қадим пайдо шуда, вобаста ба инкишофи инсоният аз ҷихати зоҳирӣ тағйир меёфт.
Барои нигоҳ доштани ҳаракати озод либосро бо камарбанд мебастанд. Пораи ҳамвори матоъ ба ҷилди ҳаҷмдор табдил меёфт, ки бадани одамро мепӯшонд, ин бо навъи содда либос тарроҳӣ мешуд.
Тарроҳии либос- ин раванди аз матои ҳамвор тайёр кардани ҷилди ҳаҷмдор аст, ки бадани одамро мепӯшонад. Раванди ченкунии бадани одамро бо мақсади тарроҳӣ андозагирӣ меноманд.
Либос чун қоида ба бадани одам зич намешинад, ҳамеша байни онҳо каме фосила мемонад. Дар баъзе ҷои бадан ин фосила зиёд асту дар ҷои дигар камтар. Фарқи байни ченкунии бадани одам ва андозаи либосро илова меноманд.
Илова дараҷаи шинамии либосро дар ҷойҳои мухталифи бадани одам муайян мекунад ва шаклу тарзи либосро хеле тағйир медиҳад.