Главная / Ҷамъият / НАМОЗИ ТАРОВИҲ

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. Намози таровиҳ ҳам барои мардон ва хам занони рӯзадор ва онҳое, ки бо сабабҳои беморӣ ва мусофират рӯза нагирифтаанд, суннати муаққада мебошад.

namozi_juma1

Оё намози таробеҳро дар танҳоӣ хондан мумкин аст?

Пайғамбар Муҳаммад (с) гоҳе танҳо ва баъзан бо ҷамоат мехонд ва хеҷ гоҳ гузоштани онро тарк накардааст. Дар замони хилофати Умар (р) бо ҷамоат гузаронидани намози таровеҳ шуруъ гардид, ки он то рузҳои МО идома дорад. Аз ин рӯ намози таровиҳро метавон чй дар масҷид ва чӣ танҳо гузошт.

Намози Таровеҳ соати 20:30 соли 2023-ум дар масҷидҳои Тоҷикистон оғоз мешавад.

Бо вуҷуди ин хондани намози таровиҳ дар масҷид суннат мебошад ва барои хондани ин намоз дар ин ҷо савоби бисёр ваъда гардидааст. Намози таровиҳ кай ва чй Гуна барпо мегардад?

Намози таровиҳро танҳо баъд аз намози хуфтан мегузоранд. Намози витр одатан дар МОҲИ Шарифи Рамазон баъди намози таровиҳ гузошта мешавад. Дар намози 20 ракъатаи таровиҳ баъди ҳар ракъати дуввум ва ё чаҳорум “салом”дода мешавад. Агар намози таровиҳ чаҳор раъкатӣ хонда шавад, онгоҳ ин намоз ба монанди намози суннати намози пеш аз фарзи пешин гузошта мешавад, яъне баъд ҷаласаи аввал, баъди хондани ду ракъат, дуои “Ат-таҳиёт” хонда мешавад.

Пайғамбар Муҳаммад (с) гуфта аст:

Ҳар шахсе, ки дар мохи Рамазон таровиҳ
мехонад ва ба моҳи муборак будани он боварӣ
дошта, бо умеди гирифтани савоб фақат аз
барои Аллоҳ рӯза медорад, хамаи гуноҳҳои
гузаштааш бахшида мешаванд.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …