Главная / Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ (страница 10)

Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ

Оқибати пирӣ

piri

Бо тоифае донишмандон дар ҷомеи Димишқ баҳсе кардам, ки ҷавоне даромаду гуфт: – Дар ин миён касе ҳаст, ки забони порсӣ бидонад? Ғолиб ишорат ба ман карданд. Гуфтамаш: – Хайр аст? Гуфт: – Пире саду панҷоҳсола дар ҳолати назъ аст ва ба забони порси чизе ҳамегўяд ва мафҳуми мо намегардад. …

Муфассал »

Ҷавони покизакор ва ҳадиси ишқ

800px-keshan_01

Ҷавоне покбозу покрав буд, Ки бо покизарўе дар гарав буд. Чунин хондам, ки дар дарёи аъзам, Ба гирдобе дарафтоданд бо ҳам. Чу маллоҳ омадаш, то даст гирад, Мабодо, к-андар он ҳолат бимирад. Ҳаме гуфт аз миёни мавҷу ташвир: «Маро бигзору дасти ёри ман гир!» Дар ин гуфтан ҷаҳон бар вай …

Муфассал »

Қозие бо наълбанди сархуш

aspi-arab

Қозии ҳамадонро ҳикоят кунанд, ки бо наълбандписаре сархуш буд ва наъли дилаш дар оташ. Рўзгоре дар талабаш муталлахиф буд ва пуёну мутарассид ва ҷуёну бар ҳасби воқиа гуён: Дар чашми ман омад он сиҳӣ сарви баланд, Бирбуд дилам зи дасту дар пой фиканд. Ин дидаи шўх мекашад дил ба каманд, …

Муфассал »

Маҷнун ва Лайли – ҳадис

layli-majnun

Якеро аз мулуки араб ҳадиси Маҷнун ва Лайли ва шуриши ҳоли ў бигуфтанд, ки бо камоли фазлу балоғат сар дар биёбон ниҳода ва зимоми ақл аз даст дода. Бифармудаш, то ҳозир оварданд. Маломат кардан гирифт, ки дар шарафи нафси инсон чи халал дидӣ, ки хуи баҳоим гирифтӣ ва тарки ишрати …

Муфассал »

Хирқапуше дар корвони Хиҷоз

unnamed

Хирқапуше дар корвони Хиҷоз ҳамроҳи мо буд. Яке аз умарои араб мар ўро сад динор бахшид, то қурбон кунад. Дуздони хафоҷаҳ ногоҳ бар корвон заданд ва пок бибурданд. Бозаргонон гиряву зори кардан гирифтанд ва фарёди бефоида хондан. Гар тазаррўъ кунию гар фарёд, Дузд зар бозпас нахоҳад дод. Магар он дарвеши …

Муфассал »

Маслиҳате сулҳ

rukopozhatie-2

Соле Муҳаммади Хоразмшоҳ бо Хито аз бораи маслиҳате сулҳ ихтиёр кард. Ба ҷомеи Кошғар даромадам, писаре дидам ба хубию ҳусн ба ғояти эътидол ва ниҳояти ҷамол, чунон ки дар амсоли ў гўянд: Муаллимат ҳама шухию дилбари омўхт, Ҷафову нозу итобу ситамгари омўхт. Ман одами ба чунин шаклу хую қаду равиш, …

Муфассал »

Айёми ҷавони гузар доштам ба кўе ва назар бар рўе

gal60304231

Ёд дорам, ки дар айёми ҷавони гузар доштам ба кўе ва назар бар рўе дар тамузе, ки ҳарураш даҳон бихушонидӣ ва самумаш мағзи устухон биҷушонидӣ, аз заъфи башарият тоби офтоби ҳаҷир наёвардам ва илтиҷо ба сояи деворе кардам, мутараққиб ки ҳарри тамуз аз ман бибарад, обе фурў нишонад, ки ҳаме …

Муфассал »

Зани соҳибҷамол

dbe75ad7309d877990407ec927704438

Якеро зани соҳибҷамоле ҷавон даргузашту модарзани фартут ба иллати кобин дар хона мутаммакин бимонд ва мард аз муҳовирати ў ба ҷон ранҷидӣ ва аз муҷовирати ў чора надидӣ, то гурўҳе ошноён ба пурсидан омаданд. Шарике гуфто: – Чӣ гунаӣ дар муфориқати ёри азиз? Гуфт: – Нодидани зан бар ман чунон …

Муфассал »

Сафар бо дуст

korvon-dust

Рафиқе доштам, ки солҳо бо ҳам сафар карда будему намак хўрда ва бекарон ҳуқуқи сўҳбат собит шуда. Охир ба сабаби нафъ андак озори хотири ман раво дошт ва дўсти сипарӣ шуд. Ва бо ин ҳама аз ду тараф дилбастагӣ буд. Шунидам, ки рўзе ду байт аз суханони ман дар маҷмаи …

Муфассал »

Тўтие бо зоғе

e0786da5d6b720c39098aee1e2c508fc

Тўтиеро бо зоғе дар қафас карданд ва аз қубҳи мушоҳидаи ў муҷоҳида мебурду мегуфт: – Ин чи талъати макрўҳ асту ҳайати мамқут ва манзари малъуну шамоили номавзун? Алассабоҳ ба рўи ту ҳар ки бархезад, Сабоҳи рўзи саломат бар ў масо бошад. Бадбахтаре чу ту дар суҳбати ту боистӣ, Вале чунин, …

Муфассал »