Главная / Техника / Интихоби мавзўъи мизи корӣ

Интихоби мавзўъи мизи корӣ

Мавзўъи мизи кории компютер ин тасвири заминаи (фони) экран мебошад, ки намуди берунии онро муайян месозад. Интихоби мавзўъи нав ба тағйир додани шакли беруни мизи корӣ дар экран оварда мерасонад.

Барои иваз намудани мавзўъи мизи корӣ амалҳои зеринро иҷро бояд кард:

Расми «Свойства экран»
Расми «Свойства экран»

Интихоби тасвири заминаи мизи корӣ

  1. Равзанаи муколимавии «Свойства, экран»­ро фаъол намуда, аз он лавҳи «Темы»­ро интихоб менамоем;
  2. Аз рўйхати кушодашудаи лавҳи «Тема» мавзўъи заруриро интихоб менамоем, ки шакли мизи корӣ тағйир меёбад;
  3. Тугмачаи ок­ро пахш менамоем;

Дар ҳолати интихоб намудании мавзўъи нави мизи корӣ ҳамаи  элементҳои мизи корӣ ва намуди берунии мизи корӣ иваз карда мешаванд.

Барои тағйир додани расми заминаи мизи корӣ амалҳои зеринро иҷро мекунем:

  1. Равзанаи муколимавии «Свойства, экран»­ро кушода, лавҳи «Рабочий стол»­ро интихоб менамоем;
  1. Аз рўйхати оғозшудаи «Фоновый рисунок» тасвири заминаи писандидаамонро интихоб менамоем;
  2. Барои интихоби файлӣ (графикӣ) писандомада тугмачаи «Обзор»­ро пахш менамоем;
  3. Аз равзанаи муколимавии «Обзор» тасвири «Открыть»­ро пахш менамоем. Дар натиҷа файли интихобшуда ба рўйхати «Фоновый рисунок» илова мегардад;
  4. Барои дар мизи корӣ ҷойгир намудани тасвир яке аз ҳолатҳои рўйхати «Расположение»;
  • По центру;
  • Замостить;
  • Растянуть ­ ро интихоб менамоем;
  1. Агар хоҳем, ки ба сифати тасвири замина дар экран расмро интихоб намоем, аз рўйхати «Фоновый рисунок» лавҳи «Цвет» ранги лозимиро интихоб менамоем.
  2. Баъди дохил намудани тағйирот тугмачаи ок­ро пахш менамоем;

Барои тағйир додани схемаи рангҳо амалҳои зеринро иҷро мекунем:

  • Равзанаи муколимавии «Свойства, экран»­ро кушода, лавҳи «Оформление» -ро интихоб менамоем;
  • Аз рўйхати инъикосшудаи «Цветовая схема» зарурияшро интихоб менамоем;
  • Дар охир тугмачаи ок­ро пахш менамоем;

Дар ин ҳолат мо боз метавонем, ки рангҳои панелҳои мизи корӣ, барномаҳо ва папкаҳоро иваз намоем. Баъзе шахсон дар вақти иваз намудани расми мизи корӣ расмеро мегузоранд, ки ҳаҷмаш нисбатан калон аст. Дар ин ҳолат  компютери мо вақти фаолият ба мушкилиҳо дучор мегардад.!

 

Инчунин кобед

komputer

Қисмҳои компютерҳои фардӣ

Пеш аз ҳама аз таъминоти дастгоҳии компютери фардӣ оғоз менамоем: Расми қисмҳои асосии компютер Чӣ …