Главная / Техника / НОУТБУКҲО: компютерҳои фардии (хурдҳаҷм) (портативный)

НОУТБУКҲО: компютерҳои фардии (хурдҳаҷм) (портативный)

Дар ин ҷо мо дар бораи як намуди компютерҳое сухан меронем, ки аз компютерҳои фардии рўимизӣ фарқ доранд. Дар бораи компютерҳое сухан меронем, ки ҳамаи блокҳояшон (ба ғайр аз принтер) дар як қуттӣ «корпус» ҷойгир карда шудаанд, ки онҳо ноутбук ном доранд. Дар ин намуди компютерҳо, яъне дар ноутбукҳо дисплейи хаму ростшаванда истифода бурда мешавад. Дар ҳолати пўшонидани дисплей компютери фардӣ тавассути тугмачаи махсус, ки дар байни дисплей ва клавиатура ҷойгир мебошад, дорои реҷаи махсус «ждущий режим» (Дар ин ҳолат  компютер миқдори ками қувваи барқро истифода мебарад) мегардад.

noutbook

Расми компютери Ноутбук

Дар ин намуди компютерҳо мушак дар байни клавиатура ҷойгир карда шудааст. Баъзе истифодабарандагон чунин мушакҳоро намеписанданд. Мо метавонем муши компютерҳои рўимизиро ба ноутбукҳо пайваст намуда, аз он истифода барем. Динамикҳо, таҷҳизоти хондани дискҳо низ дар қисмҳои компютери ноутбук ҷойгир карда шудааст. Инчунин динамикҳоро низ илова кардан мумкин аст.

Хусусияти фарқкунандаи ноутбукҳо аз компютерҳои рўимизӣ дар он аст, ки онҳо  андозаи хурд доранд ва ба воситаи батарея кор мекунанд. Батарея то муддати аз 2 то 6 соат бе истифодабарии қувваи барқ кор карда метавонад. Ноутбукҳоро бо барқ низ кор фармуда метавонем.

Бинобар ин мо метавонем ин намуди компютерҳоро дар дохили қатора, ҳавопаймо ва ҷойҳои дигаре, ки қувваи барқ мавҷуд нест, истифода барем.

Қайд кардан зарур аст, ки бо компютерҳои фардӣ ба воситаи блоки таъминоти ҷараён (UPS) то муддати 20 дақиқа кор кардан мумкин аст. Масъалан: дар вақти хомўш будани барқ (тамоман барқ набудан) мо метавонем, ки компютерро ба воситаи ин асбоб бо барқ таъмин созем.

Компютерҳои ноутбукро бештар дар семинарҳо- конференсияҳо истифода мебаранд. Масалан, дар конференсияҳо ба воситаи барномаи PowerРоint маърўзаамонро тайёр «презентация» намуда ва бо ноутбук ва проектор муфассал дар бораи маърўзаамон маълумот медиҳем.

Инчунин кобед

opti1

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад. Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди …