Главная / Гуногун / Дуои дастурхон (баъди таъом – хурокхури)

Дуои дастурхон (баъди таъом – хурокхури)

Шукронаи неъмат, зиёдии давлат, тани сиҳҳату хотири ҷамъ, мо кам кардем Худо зиёда гардонад ва ба ин хонадон файзу баракат, умри дарозу давлати бепоён ато фармояд ва гузаштагонро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат намуда, боқимондагиҳоро ҷойнишини некон кунад. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Дуои дастархон

*****

Илоҳо, тани сиҳҳату хотири ҷамъ карам фармоӣ. Мо аз ин таомҳо хурда кам кардем, Худованд зиёда гардонад. Ба аҳли ин хонадон хайру баракату хурсандиро ато гардонад. Ба ҷумлаи бандагони муъмину мусалмон кушоиши кор ато намуда, ба мамлакатамон оромиву осудагӣ, ба бозорҳоямон арзониву фаровониву инсофу ростӣ, ба деҳқонон баракат дар кишту корҳо, ба мусофирон сиҳҳату саломатӣ, ба беморон шифои комилу оҷил, ба қарздорон наҷот аз балои қарз ато фармоӣ. Ҷумлаи бандагони калимагӯятро ба орзуву ҳавасҳояшон восил намуда, дар қатори онҳо ба фарзандҳои мо низ баракат дар касбу кор ва ризқу рӯзӣ, хайру хушбахтии дуҷаҳониро рӯзӣ гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Омин, бигузор Худованд ҳар як қадами моро ба ин хонадон бо хушиву хурсандӣ биёварад ва ин дастархони пурнозу неъматро дар роҳи хайр қабул намояд. Ва ба ҳамаи моён инсоф диҳад, то он, ки дар талаби илм бикушему аз роҳи фасоду шайтонӣ дур гардем. илоҳо, шифои беморон, наҷоти қарздорон, мулки амон, нархи  арзон, баракати оби равон ва бар аҳли ин маҷлиси мо орзуҳои боамалу дили беғаму тани сиҳҳат ато гардонӣ ва савоби ин дастурхони пурнозу неъматро бар пазандаву хурандагонаш расонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*        *        *        *        *

Бар соҳиби хонадон бубахшоӣ, Худо!

Бар ӯ дари раҳматат ту бикшоӣ, Худо!

Нону намаки варо агар кам кардем,

Нону намаки варо бияфзоӣ, Худо!

* * *

Соҳиби ин таомро, ё Раб,

Аз ҷамеи бало амонаш деҳ.

Хонадонаш зи неъмати афзун,

Баркати Хизр дар маконаш деҳ.

Ман надонам, ки мақсади ӯ чист,

Ҳар чи мақсуди ӯст, онаш деҳ.

Дар сабоҳу[1] равоҳу[2] лайлу[3] наҳор[4],

Аз балои замон амонаш деҳ.

* * *

Аҳли муъминро, Худоё, шод кун,

Ҷумларо аз дарду ғам озод кун.

Соҳиби хонаро амонаш деҳ

Хислати Хизр дар маконаш деҳ.

Ман надонам дар дили ӯ чист,

Ҳар чи хоҳад, ҳамонаш деҳ.

*        *        *        *        *

Бар деҳқонон Худои таоло баракат ато намояд, дастархонҳо пурфайзу пурбаракат шаванд. Ҷавонону кудакон калон-калон хуранду ба хизмати падару модар қоим гашта, ба дуо муносиб гарданд. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*        *        *        *        *

Алҳамаду лиллоҳи-л-Лазӣ атъамано ва саққоно ва ҷаъалано мина-л-муслимин. Мо кам кардем Худо зиёда гардонаду баракати Хизр алайҳи-с-саломро ато гардонад. Савоби ин дастархон ва савоби меҳмонони азиз ва савоби обу таомҳоро ба гузаштагони ҳамин макону манзил бахшидем. Худованд ба ҳамаи шумоён тани сиҳҳат, имони мустаҳкам, баракат дар умру ҷону касбу кор ва ризқу рӯзӣ ато гардонад. Бачаҳоро Худои таоло калон карда ба хизмати падару модаронашон қоим кунад. Кушода бод бар ин хонадон давлату савлат, меҳру мухдббату бахту саодат. Омин. Бираҳматика ё Ар^ама-р-роҳимин.

*****

Аллоҳумма-рзуқно ҳалолан би ғайри ҳисоб. Тани сиҳҳату хотири ҷамъ, мо кам кардем Худо зиёда кунад. Ҳазрати Хизр назар кунанд. Савоби ин дастархонро ба гузаштагони ҳамин макону манзил бахшидем. Худованд танатонро сиҳҳат кунад, умратонро дароз кунад, ба касбу рӯзиву хонадон баракат диҳад, замона тинҷӣ шавад, ҷавонон рӯз бинанду ба пирон имон диҳад. Кӯбро аз офатҳои шабу рӯз Худаш нигоҳ дорад ва дар қатори кӯб ҳамаи моёнро низ аз ҳар гуна балову офатҳо нигоҳ дорад. Ва ҳамчунин он касоне, ки аз қатори мо ба сафарҳои дур рафта бошанд, онҳоро Худованд дар ҳифзу ҳимояти Худ нигоҳ дорад, сиҳҳат рафтанд, саломат бо руйи сурху забони дароз ва бо дасти хайру саховату пойи тоату ибодат бозгарданд. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

[1] Сабоҳ – саҳаргоҳ.

[2] Равоҳ – шабонгоҳ, аввали шаб.

[3] Лайл – шаб.

[4] Наҳор – рӯз.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …