Иродати бечун якеро аз тахти шоҳӣ фурў орад ва дигареро дар шиками моҳӣ накў дорад. Вақтест хуш онро, ки бувад зикри ту мунис, В-ар худ бувад андар шиками ҳут чу Юнус.
Муфассал »Инҷил китоби Насрониён
Дар «Инҷил» омадааст, ки «Эй фарзанди Одам, агар тавонгарӣ диҳамат, муштағил шавӣ ба мол аз ман ва гар дарвеш кунамат, тангдил нишинӣ, пас ҳаловати зикри ман куҷо дарёби ва ба ибодати ман кай шитобӣ!» Гаҳ андар неъмати мағруру ғофил, Гаҳ андар тангдасти хаставу реш. Чу дар саррову зарро ҳолат ин …
Муфассал »Ки бисёрхусб аст бисёрхор
Аз нафспарвар ҳунарвари наёяд ва беҳунар сарвариро нашояд. Макун раҳм бар гови бисьёрхор, Ки бисёрхусб аст бисёрхор, Чу гов ар ҳаме боядат фарбеҳӣ. Чу хар тан ба ҷаври касон дардиҳӣ!
Муфассал »Сагеро луқмае ҳаргиз фаромўш
Аҷалли коинот аз рўи зоҳир одамист ва аззали мавҷудот-саг. Ба иттифоқи хирадмандон саги ҳақшинос беҳ аз одами носипос! Сагеро луқмае ҳаргиз фаромўш Нагардад, гар зани сад навбаташ санг. В-агар умре навозӣ сифлаеро, Ба камтар тундӣ ояд бо ту дар ҷанг.
Муфассал »Хатое равад, даргузаронад аз ў
Дурўғ гуфтан ба зарбати шамшер монад, ки агар низ ҷароҳат дуруст шавад, нишон бимонад, чун бародарони Юсуф, ки ба дурўғи мавсум шуданд, ба рост гуфтани эшон эътимод намонд. Якеро, ки одат бувад ростӣ, Хатое равад, даргузаронад аз ў. В-агар номвар шуд ба қавли дурўғ, Дигар рост бовар надоранд аз ў.
Муфассал »То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст
Реше даруни ҷома доштам ва шайх ҳар рўз аз он бипурсидӣ, ки чун аст ва напурсидӣ, ки куҷост. Донистам, ки аз он эҳтироз мекунад, ки зикри ҳама узве раво набошад ва хирадмандон гуфтаанд: «ҳар кӣ (дар) гуфтор сухан насанҷад, аз ҷавобаш биранҷад!». То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст, …
Муфассал »Надиҳад марди хушманд ҷавоб
Ҳар кӣ дар пеши сухани дигарон афтад, то мояи фазлаш бидонанд, яқин, ки пояи ҷаҳлаш шиносанд. Надиҳад марди хушманд ҷавоб, Магар он гаҳ к-аз ў суол кунанд. Гарчи барҳақ бувад мизоҷи сухан, Ҳамли даъвеш бар муҳол кунанд.
Муфассал »Касе, ки лутф кунад бо ту, хоки пояш бош
Ҳилми шутур, чунон ки маълум аст, агар тифле маҳолаш гирад ва сад фарсанг барад, гардан аз мутоабаташ напечад. Аммо агар дарае ҳавлнок пеш ояд, ки муҷиби ҳалок бошад ва тифл он ҷо ба нодони хоҳад шудан, зимом аз кафаш даргусалонад ва ҳеҷаш мутоваат накунад, ки ҳангоми дуруштӣ мулотифат дўст нагардад, …
Муфассал »Нодонро ба сўҳбат баргўзидӣ
Ҳар ки бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ў асар накунад, ба тариқати эшон муттаҳам гардад ва гар ба харобате равад ба намоз кардан, мансуб шавад ба ҳамр хўрдан. Рақам бар худ ба нодонӣ кашидӣ, Ки нодонро ба сўҳбат баргўзидӣ. Талаб кардам зи донное яке панд, Маро фармуд: …
Муфассал »Ҳар он оқил, ки бо Маҷнун нишинад,
Яке аз лавозими сўҳбат он аст, ки хона бипардозӣ ё бо хонахудой дарсозӣ. Ҳикоят бар мизоҷи мустамеъ гўй, Агар хоҳӣ, ки дорад бо ту майле. Ҳар он оқил, ки бо Маҷнун нишинад, Набояд карданаш ҷуз зикри Лайлӣ.
Муфассал »