Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат медонанд ва он шаб дуовуибодат зуд иҷобат меёбад.
Мусулмонон бар он боваранд, ки дар он шаб Қуръони карим бар Пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст. Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад, дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Дар он шаб аввалин маротиба панҷ ояти сураи Алақ нозил шудааст.
Маънои қадр
Дар Тарчумону-л-Қуръони Ҷурҷонӣ шаби Қадр шаби андоза кардани корҳо гуфта шуда ва соҳиби Кашшофу истилоҳоти-л-фунун оварда: Шаби Қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад ва дар ат-Тафҳими Берунӣ омада: Ва андар моҳи Рамазон лайлатулқадр аст, он-к ҷалолат ӯро ба шабҳои тоқи даҳаи пасин ҷӯянд.
Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукӯҳ ҳаргиз надида буд.
Фазилати шаби қадр дар Қуръон ва Аҳодис
Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост.
Фазилати шаби қадр дар Қуръон
Худованд мефармояд:
إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ
«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».
Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби Қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рӯзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пӯшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.
Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шудааст: 1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст, 2. он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад, 3. фариштагон ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд ва 4. он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост. Шабест, ки дар он ҷаш¬ни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.
Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рӯзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рӯзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.
Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чӣ расад ба умри беҳудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаро-нидаанд, бояд бештар бикӯшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пӯшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.
Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рӯзи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъдӣ:
- Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,
- Ба истиқболам омад бахти пирӯз.
- Дуҳул зан, рав башорат гӯ ду навбат,
- Ки дӯшам қадр буд, имрӯз наврӯз!
Фазилати шаби қадр дар аҳодис
Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рӯзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавҳарӣ канора меҷӯст.
Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон биҷӯед». Ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи мӯъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.
Қавли роҷеҳ дар назди донишмандон он аст, ки дар шаби бистуҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар аст. Ибни Ҳаҷар дар «Фатҳулборӣ» пас аз баррасӣ ва зикри тамоми ривоятҳо ва нуқтаназароте, ки дар бораи шаби Қадр вуҷуд доранд, мегӯяд: «Роҷеҳтарини қавлҳо ин аст, ки «шаби Қадр» дар даҳаи охири моҳи Рамазон мебошад ва ҳар сол аз шаби тоқе ба шаби тоқи дигаре интиқол меёбад».
Ибни Аббос (р), Убай ибни Қаъб (р), Ибни Масъуд (р) ва дигарон дар чандин ривоят ва бо чандин ваҷҳи истидлол дар шаби бистуҳафтум будани онро ба яқин наздиктар донистаанд.
Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чӣ бигӯям? Фармуд: Бигӯ: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дӯст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ».
Паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармояд: «Дар он моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст». Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) дар даҳаи охир ончунон кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳаргиз дар дигар вақтҳо чунин намекард».
Дар шаби Қадр сарнавишт ва қисмати яксолаи тамоми мавҷудот, аз ҷумла инсон, тақсим ва навишта ме¬шавад. Худованд мефармояд: «Дар он шаб тамоми корҳо (и бузург) тақсим ва аз ҳам ҷудо сохта – файсала мешаванд».
Дар он шаб тамоми корҳои ҳакимонае, ки инсонро ба саодат бирасонанд, аз сӯи Худо баён ва муқаррар гардидааст ва дар он усул ва пояҳои дини ҷаҳонии Ислом гузошта шудааст. Гузашта аз ин, дар ин шаб сарнавишти яксолаи афрод, миллатҳо, давлатҳо ва нажодҳо муайян мегардад, балки тақдири тамоми халоиқ ва ҳа¬қоиқ рехта мешавад.