Главная / Гуногун / Расми модари тоҷик

Расми модари тоҷик

Модари ҷонам,
Шуҳрату шонам,
Пораи ҷонам,
Набзи замонам,
Фахри ҷаҳонам,
Модари ҷонам, Модари ҷонам.

Ахтари моӣ,
Гавҳари моӣ,
Сарвари моӣ,
Ёвари моӣ,
Модари ҷонам, Модари ҷонам.

Рамзи баҳорӣ,
Зеби диёрӣ,
Сулҳшиорӣ,
Муъҷизакорӣ,
Модари ҷонам, Модари ҷонам.

Расми модари точик
Сурати модари точик

Модарам болу парам,
Гавҳарам ҷону дилам,

Бувад чонам фидоят МОДАРИ ЧОН

Бувад ҷонам фидоят модари ҷон,
Фидои хушнидоят модари ҷон.
Бубахшояд сафои зиндагонӣ,
Ба гӯши дил садоят модари ҷон.
Манам шамъу туи парвонаи ман,
Шавам обу адоят модари ҷон.
Тамоми ҳастиям н-арзанда бошад,
Ба як сӯзу навоят модари ҷон.
Ҷаҳоне бо ту дорам бе ту хорам,
Нисорам хоки поят модари ҷон.
Туро дорам ба танҳои дар олам,
Зи Ҳақ лутфу иноят модари ҷон.
Худо фармуд баъд аз тоати хеш,
Намоем аҳсаноят модари ҷон.
Давои ҷони беморам туи-ту,
Дуоям кун кифоят модари ҷон.
Зи тан сад ҷода медӯзам ба ҷоят,
Бигирам то дуоят модари ҷон.
Надидам роҳ сӯи бобу раҳмат,
Ба ҷуз роҳи ризоят модари ҷон.
Нагӯ ҷоно нагӯ асло риёӣ,
Бигӯям аз бароят модари ҷон.
Дилам рӯймолу пок аз чеҳра созам,
Ғубору ғуссаҳоят модари ҷон.
Маҳу хуршед наафшонад зиёе,
Чу қалби порсояд модари ҷон.
Илоҳо номи некат зинда бодо,
Ба дунё то ниҳоят модари ҷон.
Сарафрозии Шукруллоҳ ту бошӣ,
Ба меҳри ҷонфизоят модари ҷон.

Салом модар

Бо номи ту ин калом, модар,
Бар шири ту эхтиром, модар!
Хар соату субху шом, модар,
Аз чону дилам салом, модар!

Ту ранч кашида рузу шабхо,
Бусида маро ба шахди лабхо.
Бо мехри бузургу бо талабхо,
Хурди гами ман мудом, модар.

Эй модари мехрубону дилбанд,
Ман аз ту хазор бор хурсанд.
Хаёт оташи мехр бахри фарзанд,
Андар дили хар калом модар.

Бо ёди мухаббату вафоят,
Бо хурмати шири чонфизоят,
Такрор намоям аз бароят.
Сад бори дигар салом, модар!
(Аминчон Шукухи)

 

Фарзанди газалгу
Ба куйи охират рафти, сари куйи ту менолам,
Хама суйи Худо ноланд, ман суйи ту менолам.
Ту дар зери замини, бе туам руйи замин холист,
Ба руйи ин замин дар хасрати руйи ту менолам.
Ду дастат бо хама раъша мададгори хаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададчуйи ту менолам.
Чи суд аз кухи Чилмехроб бе мехроби абруят,
Ман аз махрумии мехроби абруйи ту менолам.
Зи кухи Осиё гар нолахои обшор ояд,
Фузун аз у чу фарзанди газалгуйи ту менолам.
Такону карди бахри ман тамоми умр рохи бахт,
Ман акнун рузу шаб андар такопуйи ту менолам.
Зи ман шоиртарс буди, ки лафзи нобам омухти.
Ба ёди он хама алфози дилчуйи ту менолам.
Ало модар, пихил кун шири покатро, ки то хастам.
Хама суйи Худо ноланд, ман суйи ту менолам.
Дар мазори модар
Ниходам дастаи гул ин сахар руйи мазори ту,
Гуле аз орзухои чавонию бахори ту.
Намегунчад ягон дар гушаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгохи тусту хатми рузгори ту.
Карореро намедонисти дар руйи замин умре,
Чи сон дар зери хок осуд чони бекарори ту?
Чу дунёе, хамин дируз бар ман фогиха доди,
Ки хар чое равам, бошам ба чойи ёдгори ту,
Кунун имруз гуратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар рахам чашмони чори ту.
Ба пои турбатат бишкаста, чуйи ашк сар додам,
Ки руяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.
Бихондам сурае хам, то ки рухат шод гардонам.
Ки шояд бишнавад охи маро Парвардгори ту.
Ту азбаски малак буди дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандахо он чо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рузе бар канори ту…
Туй модар
Замину осмони ман туи модар, туи модар.
Чахони бекарони ман туи модар, туи модар.
Дар ин дунё, ки берахмиву бемехрист бунёдаш,
Ягона мехрубони ман туи модар, туи модар.
Диламро дар чахон чуз ту касс бехтар намедонад,
Бехин хамдостони ман туи модар. туи модар.
Зи руят нур меборад ба руйи зиндагониям.
Чароги дудмони ман туи модар, туи модар.
Забони мардуми омухти, на дарси сарфу нахв.
Хам устоди забони ман туи модар, туи модар.
Гарам шоир намезоди, кучо ман шеър мегуфтам?
Газалхои равони ман туи модар, туи модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди човидони ман туи модар, туи модар.
(Лоик Шерали)

Модарам
Навбахори гулфишони дилкушоям, модарам,
Куввати нону дилу акли расоям, модарам.
Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,
Барки фикру равшании дидахоям, модарам.
Аллахои фораму панду насихатхои ту,
Шуд суруди зиндагии бобакоям, модарам.
Дар сарат бишкуфта гулхои сафеди орзу,
Боиси авчи ману нашъунамоям, модарам.
Бар кади хамгаштаву чини чабинат чон фидо,
Аввалу анчоми ман, субхи сафоям, модарам.
( Наимчон Назири)
Арзи фарзанд
Модар, сари кабрат омадам боз,
Бо мехру мухаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам.
Гул чинаму руйи кабр монам.
То пеши ту шархи хол гуям,
Аз кисмати худ мисол гуям.
Эй пораи калб гуфта буди
В-эй чораи калб гуфта буди.
То захри азоби дил шавад нуш,
Чу канда зи оби чуйи худ нуш.
Хохи, ки зи ёди лавхи мардум
Номат нашавад  дар ин замон гум,
Мебош мудом гамбарораш,
Бардор ба души хеш бораш.
Дар бар рухи пастхиммати нуш,
Аз бахри баландноми мекуш…
Ин панди ту гашт нарлбонам.
То ки ба баланди пой монам.
Бишкуфт нихоли орзуят.
Во гашт гирехх чустучуят.
Холо хама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.
Гуяд сухан, садоят ояд,
Савти нави мудаоят ояд.
Имдодгари хануз моро,
Чун аввала чокдуз моро.
Модар, ана боз омадам ман,
Бо руйи ниёз омадам ман.
Баргуй чи кор карданамро,
Аз нав чи карор карданамро…
(Чонибек Кувноков)

ДАСТИ МОДАР

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гулшукуфон хостӣ,
Ба ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кушкҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин,
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб,
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Ашми шаҳло карда во аз хобби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ,
Ба ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте,ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо,
Пока кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бӯ кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мӯ кардаӣ,
Сӯйи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!
Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1963

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро бар ҳар як кӯю дар,
Унки то имрӯз, модар, кӯйи ту дар ёд нест.
Рафтам аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ,
Гӯш кардам рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рӯбарӯ.
Рӯд мегуфтам, ки аз ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд,
Ғуза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дӯшида буд.
Чашма мегуфтам, ки омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бақаҳр буд,
Модари бечораи ту, мухтасар, сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.
18
Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
Модарат, -мегуфт ӯ, -дар кунҷи лаб як холл дошт.
Куларӯ, занҷирмӯ, дар қадду қомат чун ниҳод,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.
Модарам, дар ёди ту манн гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат мазоре мекунам.
Дӯст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро,
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, маар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
Муаллиф: Мипрзо Турсунзода 1966

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

бинои Хукумати нохияи Фирдавси 2022 сол

Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ дар ш. Душанбе

Бинои маъмурии ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон аз як бинои 3-ошёна иборат аст, ки солҳои 70-уми …