Главная / Варзиш / Роналду тоҷикон ва тими футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудиро ноумед кард!

Роналду тоҷикон ва тими футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудиро ноумед кард!

Шоми дирӯз, 5 ноябри соли 2023, дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон дастаҳои футболи “Истиқлол” ва “Ал Наср”, ки бо ҳузури даҳҳо ҳазор мухлисон, бо як бозӣ мусовӣ анҷом доданд (хисоби 0:0).

photo_2023-12-05_21-44-09

Зиёда аз даҳ ҳазор чипта ба ин бозии Чемпионати Осиё фурӯхта шуд ва нархҳо чунин буданд:
Категорияи 1 – бахшҳои ғарбӣ (1, 2, 3 ва 4), нарх – 300 сомонӣ. Дигар бахшҳо (шарқӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ) 100 сомонӣ арзиш доранд. Чиптаҳои категорияи VIP бошад, 3000 сомонӣ арзиш доранд.

Қаблан маълумоте паҳн шуда буд, ки футболбози шухратманди сатҳи ҷаҳонӣ Криштиану Роналду дар ин бозӣ ширкат мекунад, аммо дар асл ӯ наомад ва бо ҳамин ҳаводорони худро, ки барои ӯ ба ин бозӣ омада буданд, ноумед кард.

Қобили зикр аст, ки Роналду дар Тоҷикистон мухлисони зиёд дорад ва ин ба он далел аст, ки ӯ борҳо худро ҷонибдори мусалмонони ҷаҳон нишон додааст.
Дуюм ноумедӣ ин аст, ки тими Арабистони Саудӣ бидуни ҳамлагари худ Роналдо натавонистааст бар тими футболи Тоҷикистон пирӯз шавад.

Зимнан, дар се ноҳияи шаҳри Душанбе – дар назди маркази савдои «Ашан», «Опера балет» ва «Сиёма молл» барои мухлисони футбол майдонҳои мухлисон ташкил карда шуданд, ки дар он шаҳрвандон метавонистанд пахши мустақими бозиро дар экранҳои калон бидуни пардохти маблағ (бепул) тамошо кунанд. .

Дар бораи ин бозӣ дар ВАО чунин навишта шуда буд: Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе (собиқ ба номи Фрунзе) 5 декабр бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/2024 баргузор мешавад. Дар квартети «Е» байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 21:00 GMT+5 оғоз мешавад.

Тибқи хабарҳои интернетӣ, Роналду гӯё бемор буд ва аз ин рӯ омада натавонист.

Инчунин кобед

Узвҳои асосии бадани инсон

Бадани худро биомуз

Барои он ки шуғл варзидан ба варзиш барои шумо танҳо фоида- бахш бошад, бояд бадани …