Главная / Теги: Технологияҳои иттилоотӣ

Теги: Технологияҳои иттилоотӣ

Заминаҳои пайдоиши компютер

paydoishi-komputer

Ба саволи «Компютери аввалинро кӣ сохтааст?» ҷавоб гуфтан хеле душвор аст. Гап дар он аст, ки компютер ихтирои як шахс нест. Компютер таҷассумгари ғояҳои олимон ва муҳандисони давру замонҳои гуногун ба ҳисоб меравад, ки онҳо дар пешбурди техникаи ҳисоббарор садсолаҳо заҳмат кашидаанд. Пешрафти техникаи ҳисоббарорро ҳамеша талабот ба ҳисоббарориҳои фаврӣ …

Муфассал »

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛӢ

komputer

  Имкониятҳо ва хосиятҳои компютер. Компютер пеш аз ҳама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинҳои дар рўзгори хонаю мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад. Он низ аз якчанд …

Муфассал »

Воситаҳои техникии нигаҳдории информатсия

slide-0

Бояд қайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда маҳфузбуда, ҳатман дар он осори (пай, асар, нақш) худро мегузорад. Намуди баранда аҳамият надорад. Вай метавонад санг, дарахт, коғаз, лента ё диски магнитӣ, ё оптикӣ ва ё фотоплёнка бошад. Агар осори информатсия дар шакли ягон аломат дар рўи санг, танаи дарахт ё …

Муфассал »

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

exnologiyai-info

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифода зич алоқаманд аст. Маҷмўи ин амалиётҳоро одатан равандҳои информатсионӣ мегўянд. Азбаски равандҳои информатсионии гуногун метавонанд таҷҳизот ва технологияҳои куллан мухталифро истифода намоянд, бинобар ин, ҳангоми балоиҳагирии системаҳои информатсионӣ ин равандҳоро аз ҳамдигар ҳатман …

Муфассал »

ИНФОРМАТСИЯ: НАМУД ВА ХОСИЯТҲОИ ОН

namudhoi-ittiloot

Мафҳуми информатсия. Информатсия мафҳуми хеле васеъ аст. Калимаҳои арабии «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва ғайра баъзе паҳлўҳои мафҳуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои он ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчик ё бўйи ягон таъомро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоот на. Мафҳуми информатсия аз калимаи лотинии …

Муфассал »

НАЗАРИЯИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ 

sety

Дарси 1. ПРЕДМЕТИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ Асосҳои информатика. Мафҳуми информатика бо маҷмўи илмҳое алоқаманд аст, ки онҳо ба омўзиши хосиятҳо ва тарзҳои ғункунӣ, тасвир, коркард ва ирсоли информатсия тавассути воситаҳои техникӣ сару кор доранд. Дар мамлакатҳои англисзабон ба ҷои мафҳуми информатика мафҳуми computer science – илми компютерӣ мавриди истифода қарор дорад. …

Муфассал »

ФАЙЛҲОИ CONFIG.SYS ВА AUTOEXEC.BAT

config-sis

Амалиёте, ки системаи оператсионии MS DOS иҷро менамояд, пеш аз ҳама аз информатсияи дар файлҳои Config.sys ва Autoexec.ӣat сабтшуда вобаста мебошанд. Ин файлҳо бояд дар каталоги асосии диски системавӣ ҷойгир карда шаванд. Дар ибтидои раванди кори компютер аввал командаҳои файли Config.sys иҷро карда мешаванд. Файли Config.sys аз пайдарпайии командаҳои махсус …

Муфассал »

ОҒОЗИ КОРИ СИСТЕМАИ MS DOS

ms-dos_

Тавре ки қайд карда шуд, системаи оператсионии MS DOS ба uайр аз дигар амалиётҳо, ҳамчунин барои идора кардани компютер низ истифода бурда мешавад. Ин программа дар дискет ё диски винчестер нигоҳ дошта мешавад. Диске, ки дар он системаи оператсионӣ сабт карда шудааст, диски системавӣ номида мешавад. Пеш аз он ки компютер …

Муфассал »

ҚИСМҲОИ СО MS DOS, ДРАЙВЕРҲО ВА ПРОГРАММАҲОИ РЕЗИДЕНТӢ

komputer

Қисмҳои СО MS DOS. Системаи оператсионии MS DOS аз қисмҳои таркибии зерин иборат аст:  Системаи базавии дохилкунӣ-хориҷкунии информатсия (BIOS). Ин программа дар хотираи доимии компютер (ROM – қead only memoқy) ҷойгир шудааст. Системаи BIOS амалиётҳои махсусро ба монанди – санҷиши дараҷаи ба кор омода будани қисмҳои компютер (тестгузаронӣ), ба хотираи …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ФАЙЛИИ MS DOS

ms-dos

Файлҳо. Информатсия дар дискҳои магнитӣ, оптикӣ, компакт-дискҳо ва дигар барандагон дар шакли файлҳо (Files) нигоҳ дошта мешавад. Файл як қисми сатҳи диск мебошад, ки ба он номи муайяне дода шудааст ва дар он ягон миқдор информатсия нигоҳ дошта мешавад. Дар файлҳо намудҳои гуногуни информатсия, аз қабили матни программаҳо, матни ҳуҷҷатҳо, …

Муфассал »