Главная / Илм / ДУНЁИ ФОНӢ ВА УҚБОИ БОҚӢ (Китоби тарбиявӣ) – скчаать безплатно PDF

ДУНЁИ ФОНӢ ВА УҚБОИ БОҚӢ (Китоби тарбиявӣ) – скчаать безплатно PDF

Китоби “Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ” ки муаллифаш “ШАЙХ ДАВЛАТХОҶАИ  МИРЗОХОҶАИ РАШТӢмебошад ва соли 2012 дар ш. Душанбе ба нашр баромадааст, яке аз дастури тарбиявӣ – ахлоқии беҳтарини исломӣ ба шумор меравад ва дар забони тоҷикӣ бо ҳарфҳои кирилӣ омода карда шудааст ва ба хонандагон тариқи ройгон пешниҳод карда мешавад. Ин китоби электронӣ дар ҳаҷми 2,5 мб буда дар формати PDF мебошад.

Ҳамаи рушанфикрон ва зиёиёни диннӣ ва дунявӣ бояд муттаҳид шавем, то дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем!

kitobi-dunyoi-foni-uqboi-boqiКитоб бо қарори Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми июли соли  2012 -ум тахти № 39 ба чоп тавсия карда шудааст.

Китоб зери назари ҳазрати домулло Хикматуллоҳи Точикободӣ ба чоп расидааст. Давлатхоҷаи Раштӣ – Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ. Душанбе  “Ирфон”, 2012. 286 саҳифа.

Муҳаррирон:                                                                                           

М. Абдулхай доктори илмҳои фалсафа М. Аҳмадов доктори илмҳои филология, профессор

Китобро ба рӯҳи поки ҳазрати қиблагоҳам (падари бузургворам), ки дар роҳи тарбияи мо заҳматҳои фаровоне кашиданд, вале аз боғи худ мевае начида даргузаштанд, мебахшам.

Илоҳо рӯҳашон шод ва ҷояшон фирдавс бодо. 

Тавсияномаҳое, ки аз ҷониби Академикон, Докторон ва Дотсентони Динӣ ва Дунявӣ, ки ба муаллиф барои чоп шудани китобаш додаанд. Борбардории китоб >>

ПЕШНИҲОД

Оид ба нашри китоби Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ “Дунёи фони ва уқбои боқӣ”

Чи тавре, ки худи муаллиф таъкид мекунад, оид ба ин дунё ва  он дунё ба забонҳои арабӣ ба хуруфоти форсӣ асарҳои зиёде ба табъ расидаанд, вале қариб ҳамаи онҳо ба хонандаи тоҷик дастрас нест. Сабаб албатта, маълум мебошад. Аввал ин, ки на ҳар кас забони арабиро медонад; дуюм ин, ки на ҳар кас алифбои арабиасосро мешиносад ва мехонад ва агар хонад ҳам шояд нафаҳмад.

Аз ин хотир ба чоп омода намудани ҳамин гуна як китоб аз ҷониби Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ бо хуруфоти кирилӣ басо кори савоб ва хайр аст. Рисола бо забони ноби тоҷикӣ таълиф гардидааст, ки ин қиммати онро меафзояд.

Бинобар он мо рисоларо ба чоп пешниҳод менамоем. Умед аст, ки он байни мардуми аҳли мусулмон ва ғайри он, ки аз забони тоҷикӣ огоҳанд, шӯҳрати зиёде пайдо мекунад.

Президенти Академияи Илмҳои

 Педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академик:       М. Лутфуллоев   27.01.2015 сол.

ТАВСИЯНОМА

Дар  ҳақиқат нависандаи  китоби «Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ” Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ шогирди арзандаи факултаи филологияи тоҷикӣ Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қанлил Ҷӯраев буда,  бо баҳои “аъло» (5) дар куреси 5-ум таҳсил намуда истодааст ва китоби навиштаи ӯ ҳамаҷониба қобили дастгирӣ мебошад.

Рисолаи мазкур аз лиҳози муҳтавиёт фарогири андешаҳои бикри гузаштагон буда, ба ҷавонони имрӯзаи мо, «чун дастури ахлоқӣ маҳсуб мегардад.

Чопи саривақтии он, дар ҷомеъаи имрӯзаи мо, ки ахлоқу маънивиёт коста гардидааст, боиси дастгирӣ буда, барои ба асодати хеш баргаштани миллат, ба хусус ҷавонон, аз манфиат орӣ нест.

Аз ин хотир, мо устодони факулта китоби мазкурро барои чоп тавсия  дода, умедворем, ки рисолаи мазкур тавассути нашриёти «Адиб» ҳар чӣ тезтар ба дасти хонандагон хоҳад расид. Ба мусанниф ва муттасадиёни чоп тавфиқ хоҳонем.

 

Устодони кафедраи адабиёти тоҷик:

Доктори илмҳои филология:                                          М. Аҳмадов

Досент:                                                                                  М. Қурбонов

С. Қосимӣ

Т а в с и н о м а 

Китоби мазкур, ки рисолаи тарбиявӣ ва ахлоқист ва унвони зебои  «Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ» – ро дорад, аз тасинфоти Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштист. Баъд аз мутолиаи рисолаи мазкур ба хулосае омадам, ки чопи ин китоб ногузир асг. Зеро дар раваиди тӯфони унсурҳои фарҳангхарош ва маънавияткуш, ки дар ҷомиа хеле бориз эҳсос мешаванд, ин рисола чун садд ва монеъа хизмат хоҳад кард.

Муҳтавои китоб бунёд аз каломи Худованд. паёми Расул (с) ва шуруҳи уламои ҷаҳони маънавӣ дорад ва ҳар хонандаро ногузир ба асолати хеш мебарад. Ахлоқе, ки шоистаи инсон аст, дар китоби мазкур сутуда шудааст. Ба гумони ман, имрӯз ҳусни одоб ва ахлоқ, ки дар ҷомиа коста шудааст, маҳз дар чунин рисолаҳои ахлоқӣ бояд ҷустуҷӯ кард. Ба муаллиф барои заҳматҳои фаровон ва меҳнатҳои таҳияи китоб сипос мегӯем.  

ТАҚРИЗ   БА  «ДУНЁИ ФОНӢ ВА УҚБОИ БОКӢ»

рисолаи тарбиявӣ ва ахлоқиест, мутааллиқ ба қалами Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ.

Рисолаи фавқуззикр асари таҳиягардидаи мукаммалест, оозгор ба сиёсати замон, ки баҳри тарбияи ахлоқ ва маънавии ҷомеа, алалхусус ҷавонон, ба роҳи рост мувофиқат хоҳад кард.

Нашри бе тақсири он кори хайрест.

 Бо арзи эҳгиром, узви Итгиҳодияи Журналистони  Тоҷикистон,

Муҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун»  Ҳабибулло Ёров.

 

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Китобе, ки шумо, хонандагони гиромӣ, дар даст доред, натиҷаи заҳамоти зиёда аз даҳсолаи Шайх Давлатхоҷа мебошад. Номбурда кӯшиш намудааст заруриётеро, ки имрӯз инсонҳо ба он эхтиёҷи зиёд доранд, ба тариқи мӯҷазу оммафаҳм баён намояд.

Китоб аз се манбаъ сарчашма гирифтааст: оёти Каломуллоҳи маҷид, аҳодиси паёмбар ва таълимоти мазҳаби ҳазрати Имоми Аъзам.

Ин китоб рисолаи ахлоқӣ буда, муаллиф ахлоқи ҳамидаи инсониро аз “нутфа”, яъне аз вақте ки инсон нутфа аст дар пушти падар, падар бояд чӣ корҳоро ба анҷом расонад. Baқте,  ки нутфа дар раҳми модар гузашт, модар чӣ корҳоро бояд иҷро  намояд, то ин ки як тифли солим ва беолоиш ба дунё ояд. Баъд аз он чӣ гуна падар ва модар ӯро аз тифливу навҷавонӣ тарбия намоянд, то ки дар оянда ин тифл дузду роҳзан, майнӯшу фиребгар, нашъаманду мардумозор ва аз фармони падару модар дур набуда, ҳамчун як фарди солимақлу солимирода, мардумдӯсту ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба воя расида, дар итоати падару модар бошад, ин гуна ахлоқро дар китоби мазкур навиштааст.

Ва дар тӯли ҳаёт инсон чӣ корҳоро мувофиқи гуфтаҳои Худованд ва гуфтаҳои пайғамбар алайхи-с-салом иҷро намояд ва чӣ корҳоро иҷро накунад. Инчунин дар бораи мурдан ва қиёмат, биҳишту дӯзах, ҳисобу китоби рӯзи қиёмат, то дидори ҳазрати худованд дар охират дар ин китоб ба тариқи сода ва| мухтасар навишта шудааст. Аз ин лиҳоз хондан ва истифода бурдани ин китоб барои ҳамагон зарур аст.

М. Абдулҳай.

 

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон                                  

ПЕШГУФТОРИ МУАЛЛИФ

Падарону модарон, бародарону хоҳарони азизу мехрубон, ба хотири он ки аксарияти шумо вақги бисёр надоред ва фаҳмиши шумо ба китобҳои арабӣ ва китобҳои мураккаби форсӣ намерасад, банда аз чандин китобҳои мӯътабари арабӣ ва форсӣ ба кадри қувват заруриёти аҳкоми шариатро бо ёрии Худованди бузург бо умедӣ савоб ба тариқи мухтасар ва соддафаҳм ҷамъ намуда, дар ин китоб навиштам ва ин китобро “Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ” ном гузоштам, чунки ба ҳамаи мову шумо маълум аст, кӣ ин дунё – фонӣ, яъне несту нобудшаванда аст ва охират бошад, боқиву ҷовидон аст. Аз ин хотир саъй намудаам, ки бародарону хоҳарони муҳтарами мо бо хондан ва амал кардан ба ин китоб, рағбат ба сӯи укбо бештар намоянд, то ки тӯшаи хубе барои охирати хеш омода намоянд.

Худованди мутаол мададгори мову шумо бод, омин ё Рабба- л-оламин.

Мағфират дорам умед аз лутфи ту,

3-он ки худ фармудаӣ: ло тақнату1.

Надорам ҳеҷ гуна тӯшаи роҳ,

Ба чуз ло тақнату мин раҳматиллоҳ.

Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаӣ Раштӣ

1994-2005

 

ШАҲОДАТНОМА

дар бораи ба қайд гирифтани асарҳои  илм, адабиёт ва санъат

 

Додашуд: ба Шарипов Давлатхоҷа Мирзоевич

дар хусуси он ки ӯ муаллифи асари «Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ» мебошад.

Жанри асар: асари адабӣ

Забони асар: тоҷикӣ

Асар иборат аст аз: 286 саҳифа

Маълумоти иловагӣ: Тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» асари мазкур объекти ҳуқуқи муаллиф маҳсуб мешавад.

Муаллиф: Асперанти Академияи Таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ 

 

ДУНЁИ ФОНӢ ВА УҚБОИ БОҚӢ 

Тарроҳии компютерӣ: Фаридуллоҳи Исматуллоҳ

Ба чоп 19.02.2007 таҳвил шуд. Коғази офсет. Чопи офсет. Андозаи 60×84  Ҷузъи чопӣ 17.8. Адади нашр 500 нусха. Супориши №20. Нархаш шартномавӣ.

Тел: муашшф 985-45-80-88, 918-64-13-33

МНИРФОН-И ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

734018 ш. Душанбе к. Н.Қарабоев 17 Тел: 223-56-66, 227-61-47 Е-mail: devashtich@tojikiston.com

 

ШАММАЕ АЗ ТАЪРИХИ КИТОБ

Хонандагони азизу гиромӣ, ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки китоб навиштан кори саҳлу осон несг. Банда низ лаёқат ба навиштани китоб надоштам, чунки илму тақвои кофие надорам. Ҷуръат ҳам наменамудам, ки қалам ба даст гирифта китоб нависам. Лекин чанд бор кудрати ҳазрати Худовандиро дар хоб ва дар бедорӣ мушоҳида намудам. Пас  аз ин эҳсоси масъулият намуда, бо ёрии ҳазрати Худованд шурӯъ ба навиштани китоб намудам.

Ҳангоме ки ба таҳсили илм ва машқи хат машғул будам, ҳамон вақт орзӯ мекардам, ки агар ҳазрати Худованд маро кӯмак намояд, дар тӯли ҳаётам китобе барои мардуми оддӣ аз баҳри савоб менависам.

Аз ин байн тақрибан бист сол сипарӣ шуду кашмакашҳою  бесарусомониҳои дохилии кишвар шурӯъ гардиданд. Рӯзҳои сахту сангине бар сари миллати тоҷик пеш омад…

Банда соли 1994 дар сангинтарин ҳолат гирифтор будам. Аз сахтии гармои тобистон ва тасфи мавзее, ки гирифтори он будам, тоқати курта ба тан пӯшидан надоштам. Ва чандин  ғаму ғуссаҳои дигар низ азиятам медоданд, ки он ҳолатро танҳо Худованд медонад. Дар ҳамин вақти душворӣ, ки арақ аз тамоми вуҷудам равон буд, гӯё гӯяндае маро мегуфт:

– Акнун вакти навиштани китобе, ки орзӯ карда будӣ, фаро расид, бархезу ба навиштани он шурӯъ намо!

Он садои ғайбӣ ҳатто номи китобро хам мушаххасан баён менамуд. Номи китоб “Дунёи фонӣ ва Уқбои боқӣ”, марҳилаи якум сулби падар ва раҳми модар, марҳилаи дувум фалон, марҳилаи сеюм фалон, инчунин то охир.

Ҳайрон аз он будам, ки дар ин марҳилаи сангин ба кудрати ҳазрати Худованди бузургу меҳрубон чӣ гуна бароям қаламу қоғаз, рангу маводи навиштан пайдо шуд.

Банда ин китобро такрибан аз бист китоб ҷамьоварӣ намудаам. Чӣ гуна дастрасам гардидани ин китобҳоро дар он ҳолат, худам ҳам намедонам. Ин ҳама аз қудрати ҳазрати Парвардигор буду бас.

Вақте ки ба китоб навиштан шурӯъ намуда будам, бо вуҷуде, ки бандаи нолоиқ ва гунаҳкорам, ҳазрати Расули акрам (с)-ро дар хоб дидам.

Он ҳазратро чунин хоб дидам: бисёр марди нуронӣ буданд ва гирдзону нишаста, риши муборакашон нимсиёҳ ва нимсафед буданд. Дар пеши он Ҳазрат як коса оби сап-сафед буд ва аз он коса нур медурахшид. Вақте ки косаи обро бардошта нӯшиданд, ман бисёр ба хаяҷон омадам ва хостам, ки оби дар коса боқимондаи ӯро бинӯшам.

Обро нӯшиданд, дар таги коса ду-се қатра монд. Банда бо худ гуфтам: бо ин ду-се қатраи об оби дигар ҳамроҳ карда нӯшам.

Хостам оби дигаре бо он ҳамроҳ намоям, то зиёдтар шавад. Вале аз фикрам гашта, ба худ гуфтам:

– Агарчанде ду-се қатра ҳам бошад ин афзал аст, чунки пасмондаи холиси он Ҳазрат аст. Ба ҳамин хулоса омада, косаро ба даст гирифта он чанд қатра обро нӯшидам.

Баъдан забонамро бароварда, тариҳои косаро аз дарун ва берун лесидам. Он ҳазрат ин ҳолати бандаро дида табассум намуданд. Аммо сухане нагуфтанд.

Дар солҳои машғулиятам ба навиштани китоб боз шабе дар хоб дидам, ки дар чоҳи пуробе як дасти зебои боқуввате намоён аст. Он даст ҳаракат мекард ва гӯяндае мегуфт, ки ин дасти мубораки Ҳазрати Алӣ карамаллоҳу ваҷҳа аст.

Гузашта аз ин дар ин муддат ҳазрати устодам домулло Ҳикматуллоҳро дар хоб дидам, ки ҳамроҳи ӯ дар як ҳуҷра нишаста будам ва як чойник дар пеши банда буд. Ва чаҳорзону нишаста будаму боадабона чойро мехостам рехта ба ӯ диҳам. Аммо Ҳазрати домулло дасташро дароз карда, монанди шахси бисёр ташна дасти маро зер намуд ва аз даруни чойник оби сап-сафедеро ба пиёла рехт, ки пиёла аз он лабрез шуд.

Аз ӯ савол кардам, ки устод ин чи ҳикмат аст, ки пиёла лабрез шуд?

Ҷавобашро дар хобам нагуфтанд. Ин саволро аз худи ҳазрати Домулло дар хонааш пурсида, ҷавобашро гирифтам…

Дар солҳои 1970-1975 шахсияти ҳазрати домулло Ҳикматуллоҳро дар Қаротегин аксарияти мардум намедонистанд. Аввалин бор ин ҳазрат бо шогирдони зиёде, ки дошт, меҳмони хонадони мо шуданд, чунки ҳазрати Қиблагоҳи банда, Худованд раҳмату мағфираташ кунад, ‘бисёр шахси меҳмоннавоз ва олимдӯст буданд. Аз ин ҷиҳат хазрати Домулло борҳо Алҳамдулиллоҳ меҳмони мо шуданд.

Қиблагохи банда се хислати олии инсонӣ доштанд: бисёр саховатпеша буданд, олимонро дӯст медоштанд, аксарияти вақт хомӯш буданд. Шояд он камтар илме, ки Худованд ба банда ато намудааст, ба шарофати олимонро дӯст доштани ҳазрати Қиблагоҳам бошад.

Аввалин касе, ки маро ба дарс гуфтан супориш додааст домулло Ҳикматуллоҳ аст. Китобҳоеро, ки домулло маро ба хондани онҳо супориш дода буданд, ба ёрии Худованд ва ба дуьои домулло онҳоро хондам ва ба дарс гуфтан шурӯъ намудам.

Боз чандин ҳикматҳои Илоҳиро дар ин муддат дидам, ки онҳоро намегӯям. Инҳо буданд, ки маро қалам ба даст доданд ва омӯзишу таҳсил ҳидоятам карданд…

Таҳсилоти илми диниро дар назди ҳазрати домулло Амиршоҳ алайҳи-р-раҳма дар шаҳри Қурғонтеппа гирифтам. Маълумоти олии дунявиро бошад, дар риштаи забону адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатӣ дар шахри Душанбе аз худ намудам.

Феълан дар пажӯҳишгоҳи (Академияи) улуми педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи фаъолият дорам.

 

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …