Главная / Илм / ПРОГРАММАИ «КАЛКУЛЯТОР»

ПРОГРАММАИ «КАЛКУЛЯТОР»

Программаи Калкулятор барои иҷрои ҳисоббарориҳои оддитарини статистикӣ ва илмӣ истифода бурда мешавад. Ин программа бо ёрии командаи Менюи асосӣ ба кор дароварда мешавад:

kalkulatorПускПрограммыСтандартныеКалькулятор (Оғоз Программаҳо  Стандартӣ  Калкулятор). Программаи Калкулятор дар ду реҷа – муқаррарӣ ва муҳандисӣ кор карда метавонад (Расми 45: а, б). Барои аз як реҷа ба дигар реҷаи кор гузаштан, аз командаҳои мен-юи равзанаи Калкулятор истифода мебаранд: ВидОбычный (Намуд Муқаррарӣ) ва ВидИнженерный (На-мудМуҳандисӣ). Бо ёрии Калкулятор ҳамаи амалҳои арифметикиро иҷро ва қимати функсияҳои математикию статистикиро ҳисоб намудан мумкин аст. Рақамҳоро ба воситаи клавиатура ё худи равзанаи программа (бо ёрии муш) дохил намудан мумкин аст. Тарзи кори ин программа аз тарзи кори калкуляторҳои муқаррарӣ ягон фарқе надорад. Таъиноти баъзе тугмаҳои программаи Калкуляторро дар шакли таблитсаи зерин меорем:

Тугмаҳои калкулятор Тугмаҳои клавиатура Вазифаҳои тугмаҳо С ESC Бекоркунии амалиёти ҷорӣ СЕ Del Несткунии қимати адади ҷорӣ Back BackSpase Несткунии рақами охирони адади ҷорӣ MC Ctrl+L Тозакунии хотираи Калкулятор MR Ctrl+R Дохилкунии қимат аз хотираи Калкулятор M+ Ctrl+Р Ҷамъкунии қимати адади ҷорӣ бо қимати адади дар хотира маҳфузбуда ва аз нав нигоҳдории натиҷа дар хотираи Калкулятор MS Ctrl+M Ҷойгиркунии қимати адад ба хотираи Калкулятор

+/- F9 Ивазкунии аломати қимати адади ҷорӣ 1/x R Ёфтани қимати баръакси адади ҷорӣ Sqrt @ Аз решаи квадратӣ баровардани қимати адади ҷорӣ % % Ба фоиз табдилдиҳии қимати адад

ЭЗОҲ:

Тарзи навишти Сtrl+R якҷояпахшкунии тугмаҳои Ctrl ва R – ро ифода мекунад.

Саволҳо:

  1. Программаи Калкуляторро бештар барои иҷрои кадом намуди ҳисоббарориҳо истифода мебаранд?
  2. Тарзи бакордарории программаи Калкулятор чӣ гуна аст?
  3. Кадом реҷаҳои кории программаи Калкуляторро медонед?
  4. Оё калкулятори компютерӣ аз калкулятори муқаррарӣ ягон фарқи ҷиддие дорад?

 Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Номи тугмаҳои Калкулятор ва вазифаҳои онҳоро дар шакли таблитса дар дафтар сабт намоед.
  3. Ифодаҳои зеринро бо ёрии Калкулятор дар реҷаи муқаррарӣ ҳисоб кунед:

25+(5)+3 (5)(2)+4(3) 250:25+0,6015

Равзанаи Калкулятор (а-муқаррарӣ, б-муҳандисӣ)

  1. Дар анбор 25 тонна мева мавҷуд буд, 2,6%-и он пўсид. Миқдори меваи пўсидаи анборро бо ёрии Калкулятор ҳисоб кунед.
  2. Фоизи ададҳои зеринро ёбед: 35% аз адади 80, 12% аз адади 85, 35% аз адади 185, 120% аз адади 60, 30% аз адади 200 ва 32% аз адади 200.
  3. Якчанд мисолҳоеро, ки муаллим дар тахтаи синфӣ навиштаанд, ба дафтаратон кўчонед ва аз реҷаи муҳандисии Калкулятор истифода бурда бо онҳо амалиёти имконпазирро гузаронед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …