МОНИТОР

Монитор – яке аз қисмҳои хеле муҳими компютери IBM PC ба шумор рафта, барои ба экран баровардани информатсияи матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад. Раванди ба хотираи компютер дохилкунии инфоматсия низ бо ёрии монитор назорат карда мешавад. Мониторро дисплей (display – намоиш) ҳам мегўянд. Ҳангоми кор бо монитор хеле эҳтиёткор будан зарур аст, чунки истифодабарандаи компютер маҳз дар назди монитор соатҳои зиёде менишинад. Чи қадаре, ки сифати монитор пасттар, яъне характеристикаҳои он бадтар бошанд, ҳамон қадар ба чашмон ва дигар узвҳои инсон хатари зараррасӣ зиёдтар аст.

monitorМонитор ба телевизор хеле монанд аст. Дар монитор низ чун дар телевизор намоишҳо бо ёрии кинескоп (трубкаи нурӣ – электронӣ) нишон дода мешаванд. Вале сохти дохилии онҳо аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Мониторҳо намоишҳоро нисбат ба телевизорҳо саҳеҳтар ва дақиқтар тасвир менамоянд, аммо телевизорҳо таҷҳизоти интелектуалӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо сигналҳои ба воситаи антена қабул намудаашонро аввал рамзкушоӣ менамоянд ва баъд онҳоро аз халалҳои радиоӣ соф намуда, пешкаши тамошобин мегардонанд. Мониторҳо бошанд, видеосигналҳоро аз видеоконтроллёрҳо бо ёрии кабелҳо дар намуди тайёр мегиранд.

Мониторҳо дар ду намуд истеҳсол карда мешаванд: ранга ва монохромӣ (сиёҳу сафед). Дар ташкилоту муассисаҳо бештар мониторҳои рангаро истифода мебаранд. Дар экрани мониторҳои ранга аломатҳоро бо рангҳои гуногун нишон додан мумкин аст. Дар компютерҳои IBM PC моделҳои гуногуни мониторҳои ранга истифода бурда мешаванд: CGA (Color Graphics Adapter – Адаптери графикии ранга), EGA (Enhanced Color Adapter – Адаптери рангаи васеъкардашуда), VGA (Video Graphics Array – Массиви видеографикӣ). Мониторҳои монохромӣ имрўзҳо қариб истифода бурда намешаванд. Андозаи экрани мониторҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Андозаи экранро аз рўи бузургии диагонали кинескопи монитор муайян месозанд ва бо дюймҳо чен мекунанд. Дюйм – ченаки дарозӣ буда ба 25,4 мм баробар аст. Мониторҳои IBM PC, ки ҳоло истифода бурда мешаванд, аз 14 то 21 дюймро ташкил медиҳанд. Барои шахсоне, ки дар назди экран бисёр менишинанд, монитори 17-дюймагӣ монитори хуб ба шумор меравад.

Характеристикаи дигаре, ки ба сифати намоишдиҳии монитор баҳо медиҳад, андозаи нуқтаи тасвиркунӣ ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳанда бояд аз 0,28 мм калон набошад.

Барои мониторҳои сифатнок андозаи нуқтаи тасвиркуниашон ба 0,25-0,26 мм баробар аст. Агар ин нишондиҳанда 0,31-0,39 мм-ро ташкил кунад, он гоҳ чунин мониторҳо сифатан паст ҳисоб карда мешаванд, чунки онҳо барои чашм хатарнок мебошанд.

Ба характеристикаи дигари монитор имконияти ҳалкунандаи он дохил мешавад, ки он ба миқдори нуқтаҳои ба самтҳои уфуқӣ ва амудӣ паҳнкунандаи монитор мебошавад. Видеосигнале, ки аз видеоконтроллёр ба монитор равон карда мешавад, шакли тўри росткунҷа дорад. Дар буриши сатру сутунҳои ин тўр нуқтаҳои ранга ҳосил мешаванд. Чи қадар миқдори нуқтаҳои тўр зиёдтар бошанд, ҳамон қадар сифати тасвиркунии монитор беҳтар мешавад. Дар ин маврид мегўянд, ки дар экран информатсияи зиёдтар меғунҷад. Масалан, ҳалкунандагии 640х480 маънои онро дорад, ки тасвири дар экран намоишдодашаванда аз 640 нуқта ба самти уфуқӣ ва аз 480 нуқта ба самти амуди иборат аст. Дар маҷмўъ чунин тўр аз 640х480=307200 нуқта иборат мешавад. Барои монитори 17 дюймагӣ, ки нуқтаи тасвиркуниаш ба 0,25-0,26 мм баробар аст, ҳалкунандагии 1280х1024 характеристикаи хуб ба шумор меравад ва аз инҳо ҳам калонтараш сол то сол пацдо шуда истодааст.

Монитор видеосигналҳоро сатр ба сатр инъикос менамояд, яъне он аввал як қатори нуқтаҳоро ба экран бароварда, баъд ба қатори дуюми онҳо мегузарад. Барои аз як қатори нуқтаҳо ба қатори оянда гузаштан ва баръакс ба қатори болӣ бозгаштан, видеоконтроллёр ба монитор сигналҳои идоракунии махсусро равон мекунад. Зудии (миқдор/сония) сигналҳои идоракуниро аз қатори додашуда ба қатори нуқтаҳои навбатӣ (поёнӣ) зудии паҳнкунии уфуқӣ ё зудии сатрӣ меноманд. Зудии сигналҳои идоракуниро аз қатори нуқтаҳои додашуда ба қатори нуқтаҳои болоӣ (пешина) зудии паҳнкунии амудӣ ё зудии кадрӣ меноманд.

Агар бузургии сатрӣ барои ҳамоҳанг сохтани видеоконтроллёр ва монитор пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ зудии кадрӣ, пеш аз ҳама ба инсон дахл дорад, чунки ин зудӣ миқдори ивазшавии тасвирро дар экран ифода мекунад. Ҳангоми кам будани бузургии зудии кадрӣ чашмони инсон милт-милткунӣ ва ларзиши тасвирҳоро дар экран эҳсос мекунад, ки он чашмро зуд монда ва ҳатто дарднок мегардонад. Дар вақти зудии кадрӣ ба 75-80 герс баробар будан, ларзиши тасвирҳо дар экран гум мешавад.

Зудии кадрии 80 герса характеристикаи хуби монитор ва 85 герса – хубтар шумурда мешавад. Зудиҳои кадрии аз 70-72 герс камбуда, барои саломатии инсон хатарноканд.

ЭЗОҲ:

Герс (герц) воҳиди ченаки зудии лаппиши раванди даврӣ буда, дар як сония иҷрошавии як даври равандро ифода менамояд. Одатан, дар реҷаи кории матнӣ экрани монитор аз 25 сатр ва 80 сутун иборат буда, дар реҷаи кории графикӣ бошад, ба 480 сатр ва 640 сутун баробар аст. Ин ададҳо вобаста ба модели монитор метавонанд тағйир ёбанд.

Ҳамин тариқ, тасвири мониторро ба охир расонида як нуқтаро қайд менамоем, ки агар дар тани монитор тамғаи Eneкgy Staк мавҷуд бошад, он гоҳ метавонед дилпур бошед, ки монитори шумо қувваи барқро сарфа менамояд ва ба шумо дуру дароз хизмат мекунад. Илова бар ин, агар мониторатон ба стандартҳои ҷаҳонии TCO’92 ё TCO’95 мувофиқат кунад, он гоҳ он албатта соҳиби функсияҳои захиракунандаи энергия мебошад.

Саволҳо:

  1. Функсияи асосии монитор чист?
  2. Монитор бо телевизор чӣ умумият ва аз он чӣ тафовут дорад?
  3. Мониторҳо дар чанд намуд истеҳсол карда мешаванд?
  4. Андозаи экрани мониторро бо чӣ чен мекунанд?
  5. Дюйм чист?
  6. Характеристикаҳои асосии монитор кадомҳоянд?
  7. Хосияти ҳалкунандагии монитор гуфта чиро мефаҳмед?
  8. Кадом андозаҳои нуқтаи тасвиркунии монитор барои чашми инсон хатарноканд?
  9. Зудии сатрӣ ва зудии кадрии сигналҳои идоракунии монитор гуфта чиро меноманд?
  10. Зудии кадриро бо чӣ чен мекунанд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Характеристикаҳои асосии мониторро дар шакли таблитса тасвир намоед.

3. Характеристикаҳои мониторҳои дар синфхонаи компютерии мактабатон бударо

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …