Главная / Илм / Диски сахт (дурушт)  «Жёсткий диск»

Диски сахт (дурушт)  «Жёсткий диск»

Яке аз қисмҳои асосии дохили блоки системавӣ  диски сахт (дурушт) мебошад, ки  дар он  ҳамаи маълумотҳо доимӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар баъзе дискҳои дурушти компютерҳои  ҳозиразамон маълумотҳои то 300 гигабайт нигоҳ дошта (сабт карда) мешаванд.

diskДиски сахт (дурушт) аз қабати даврашакли оҳанин иборат аст. Маълумотҳо дар он бо тариқи магнитӣ бо воситаи қуббачаи (головкаи) махсус ба монанди сабт намудан дар тасмаҳои магнитӣ барои магнитофонҳо сабт карда мешаванд.

Расми диски сахт (дурушт)  «Жёсткий диск»

Пеш аз он, ки маълумоти заруриро дар ягон диск (флэш-карта,  компакт-диск) сабт намоем, бояд онро мо қолабрезӣ Форматировать намуда, баъд онро сабт намоем. Агар ин корро яъне қолабрезиро иҷро нанамоем, он гоҳ мо ягон маълумотро дар ин дискҳо сабт карда наметавонем.

Дар бисёрии ҳолатҳо дискҳои сахти (дурушти) компютерҳо қолабрезӣ карда шуда, дар баъзеи онҳо як қатор барномаҳо пешакӣ ҷо карда шудаанд.

Инчунин кобед

urolog

Урологи беҳтарин аз Ҳиндустон октябри 2021 ба Тоҷикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муолиҷаи бемориҳои уролоҷӣ бе ҷароҳӣ тариқи дастгоҳҳои эндоскопӣ ва лазерӣ аз …