Главная / Гуногун / Намози иди Рамазон

Намози иди Рамазон

Хондани намози идонаи моҳи шарифи Рамазон, воҷиб буда беҳтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар аст. Ин намози ҷамъиятии асосан мардона буда дар масҷид субҳидам пас аз ба итмом расидани моҳи шарифи Рамазон- яъне дар субҳи якуми моҳи Шаввол хонда мешавад.

Ният кардам, бигузорам ду ракаъат намози иди Рамазон бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллилоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

Ин сухани дар боло гуфташуда, Нияти намози идонаи Рамазон буда дар оғози намози фитр аз тарафи иштирокчиёни намоз гуфтан ҳатмӣ мебошад, ва ин ба забони тоҷикӣ аст.

Маълумоти мухтасар дар бораи намози идонаи Рамазон (Фитр):

Вақти намози идонаи моҳи Рамазон пас аз тақрибан 30 дақика баромадани офтоб то нисфирузӣ (вақти намози пешин) хондан мумкин аст вале асосан хубтараш субҳидам. Намози идонаи моҳи Рамазонро паёмбар Муҳаммад (САВ) доимо ҳамасола мехонданд ва дусташ медоштанд.

Рузи хондани намози идонаи Рамазон ҳатман ботаҳорат ва хубтараш –ғуслдор, буда либоси тоза ва таъби болида доштан зарур аст. Пас аз намози идона кас метавонад ба аёдати бечораҳолон, наздикон, азизон, беморон, манзил ва хонадонҳое, ки чанде пеш наздиконашон фавдидааст рафта пораҳои Қуръонро хонанд амалҳои нек ҳисобида мешавад.

Умуман намози идонаи Рамазон ҳамагӣ иборат аз ду ракаъат буда пеш аз хондани он мардум ҳачи барвақтар ба масҷид омада якдигарро бо ин ид якдигарро муборакбодӣ гуфта баъдан дар нишаста то оғози намоз гуш бар амри маъруф ва табрикоти роҳбарияти минтақа (деҳа, ноҳия, вилоят ва ғ) намуда ба хондани намоз омода мешаванд.

Барои ба хатогӣ роҳ надодан дар баъзе ҳолатҳои аз ҷониби имом ба иштиркчиён (ибодаткунандагон) тартиби хондани намози идона такроран ба ёд меорад.

Инчунин кобед

Ширкатхои корхонахои мебелбарории Точикистон руихат

Рӯйхати истеҳсолкунандагони мебел дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор нафар ба истеҳсоли мебел машғуланд, ки дар миёни онҳо ҳудуди 100 …