Главная / Гуногун / Пушаймони пеш аз мурдан

Пушаймони пеш аз мурдан

Ду кас мурдану тахассур бурданд: яке он кӣ дошту нахўрд ва дигар он кӣ донисту накард. Фурсат ғанимат шумор.

Касе набинад бахил фозилро,
Ки на дар айб гуфтанаш кўшад.
В-ар кариме дусад гуннаҳ дорад,
Карамаш айбҳо фурў пушад.

Тамом шуд китоби «Гулистон» ба тавфиқи бори азза исмаҳу. Дар ин ҷумла чунон кирасми муаллифон асту даъби мусаннифон аз шеъри мутакаддимон ба тариқи истиорат талфиқе нарафт.

Куҳан хирқаи хеш пиростан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

odinochestvoҒолиби гуфторӣ Саъдӣ тарабангез асту тийбатомез ва кутоҳаназаронро бад-ин иллат забони таъи дароз гардад, ки мағзи димоғ беҳуда бурдан ва дуди чароғ бефоида хўрдан кори хирадмандон нест. Валекин бар рои равшани соҳибдилон, ки рўи сухан дар эшон аст, пўшида намонад, ки дури мавъизаҳои шофиро дар силқи иборат кашидааст ва доруи талхи насиҳат ба шаҳди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати қабул маҳрум намонад.

Мо насиҳат ба ҷои худ кардем,
Рўзгоре дар ин ба сар бурдем.
Гар наёяд ба гўши рағбати кас,
Бар расулон паём бошаду бас.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …