Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад.
Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди таҷҳизотҳо) бояд дар шакли ададӣ ифода карда шаванд. Ҳамаи рамзҳо (символҳо) бо ададҳо кодгузорӣ карда мешаванд. Мувофиқати байни маҷмўи рамзҳо ва ададҳоро кодгузори рамзҳо меноманд.
Чи тавре ки дар боло қайд кардем, ҳамаи мошинҳои электронӣ аз рўи системаи ҳисобкунии дуӣ кор мекунанд. Инчунин мошинҳои электронӣ аз рўи системаи ҳаштӣ ва шонздаҳи коркунанда низ мавҷуданд. Дар байни системаҳои дуӣ, ҳаштӣ ва шонздаҳӣ алоқамандии махсус аст. Як рақами шонздаҳӣ ба чор разряди дуӣ баробар аст. Чун қоида, адад дар компютер бо ёрии сифрҳо ва воҳидҳо ифода меёбад (дар ҳаёти ҳаррўзаи мо аз 10 рақамҳои 0,1,2,3,4,5,6,7,8,9 истифода мебарем, ки онро системаи ҳисоби даҳӣ меноманд). Дар компютер асосан системаи ҳисоби дуиро истифода мекунанд.
Барномаҳои аввалин барои компютерҳо бо кодҳои мошинӣ навишта мешуданд. Ин кори хеле мураккабу душвор буд. Барои осонии кор, солҳои 50-ум системаи наве таҳия карда шуд, ки барнома на дар шакли забони мошинӣ, балки бо ифодакунии он бо кодҳои рамзӣ навишта мешуданд. Чунин забонро барои навиштани барнома автокод ё забони ассемблер меноманд. Барномаҳо дар ассемблер бо осонӣ ба фармонҳои мошинӣ гузаронида мешаванд. Вале навиштани барнома ба забони ассемблер заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Забони барномавии аввалини зинаи баланд забони Фортран буд, ки онро соли 1954 ширкати IBM таҳти роҳбарии Ҷон Бекус омода карда буд. Ин забон барои корҳои илмию-тадқиқотӣ истифода мешуд. Дар асоси забони Фортран забонҳои дигари барномасозӣ ба монанди: алгол, бейсик, си, си++, паскал, лого, форт, лисп, пролог, кобол ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд.
Аввалин компютерҳо дар асоси лампаҳои электронӣ сохта шуда, МЭҲ, ENIAC ба ҳисоб мерафт.
Соли 1948 транзисторҳо ихтироъ шуданд ва насли 2-юми компютерҳо ба вучўд омад, ки ҳачмашон даҳҳо маротиба аз насли 1-ум хурд буд.
Солҳои 60-ум транзисторҳо ба вучуд омаданд, ки ҷузъи асосии компютерро ташкил медоданд. Ширкати Dugital Equipment соли 1965 аввалин мини-компютер RDR-8-ро ихтироъ кард андозаи он ба яхдон баробар буда, нархаш 20 ҳазор долларро ташкил мекард. Баъдан нақшаҳои интегралӣ пайдо шуданд, бо истифодаи онҳо соли 1968 ширкати Burroghs аввалин компютерро бо схемаҳои интегралӣ баровард. Соли 1970 ширкати Intel фурўши схемаҳои интегралиро cap кард. Солҳои охир Эдвард Хофф аз ширкати Intel схемаи интегралиро сохт, ки функсияи протсессори марказии МЭҲ-и калонро мебозид. Ҳамин тавр, микропротсессори аввалин Intel-4400 пайдо шуд. Протсессорҳои аввалин 4 – бита буданд. Соли 1975 аввалин компютери тиҷоратии Ал-таир-8800 пайдо шуд, ки асосаш микро протсессорри Intel-8080 буд. Ин компютерро ширкати MITS ихтироъ, ки нархаш 500 доллар буд. Охири соли 1975 Пол Аллен ва Бил Гейтс (асосгузорони ширкати Microsoft) компютери «Ал-таир»-ро сохтанд, ки шореҳаш забони Бейсик буд. Ин икдоми хайр имкон медод, ки компютерро одамон истифода баранд ва барои вай барнома нависанд. Охирҳои солҳои 70-ум КФ васеъ ба кор шурўъ кардаанд ва талабот ба МЭҲ-ҳо калон ва мини МЭҲ паст шуд. Ин ширкати IBM-ро ба ҳолати ногувор овард (IBM-Intenational Business Machcnes Corporation), ки истеҳсолкунандаи МЭҲ-и калон буд ва соли 1979 ширкати IBM қувваи худро барои истеҳсоли КФ санҷид ва ба бозори ҷаҳонӣ баромад. Ба сифати микропротсессори компютер, микропротсессори 16 -разрядаи Intel-8088-po интихоб кард ва микропротсессори нав бо хотираи 1 мегабайта кор мекард, ки то ин вақт компютерҳо бо 64 байт кор мекарданд. Моҳи августи соли 1981 компютери нав бо номи IBM PC (хонда мешавад-Ай-Би-ЭМ-Пи-СИ) ба хидмати мардум пешниҳод карда шуд, ки 90 фисади КФ ҷаҳониро ин компютер ташкил мекунад. Соли 1985 компютери IBM PC AT бо микропротсессори нави INTEL-80286, ки 3-4 маротиба аз IBM PC XT тезтар кор мекард, ихтироъ шуд. Вале қайд кардан зарур аст, сол то сол қудрати ширкати IBM суст шудан гирифт, чунки бо вай дигар мамлакатҳо ҳамкорӣ карда, ба истеҳсоли компютерҳо шурўъ карданд. Масалан, дар Тайван, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайраҳо, ки компютерҳои онҳо нисбат ба IBM PC арзонтар буд, истеҳсоли КФ зиёд шудан гирифт. Компютерҳоеро, ки асосашон микропротсессори Intel-80386X, 80486 ва Pentium, мониторҳои типи Super-Wga 800*600,1024*768, 1152*864, 1280*720, 1280*768, 1280*960 ва 1280*1024 мебошад, ширкати IBM истеҳсол накардааст.
Дар ҷаҳон ҳар сол даҳҳо миллион компютер фурўхта мешавад ва танҳо дар худи ИМА ҳаҷми хизмат ва фурўши таъминоти барномаи онҳо даҳҳо миллиард долларро ташкил мекунад ва ин теъдод мунтазам меафзояд. КФ-ро дар тамоми соҳаҳо васеъ ба кор мебаранд. КФ метавонад аз рўи шабакаи локалӣ (маҳаллӣ) ва глобалӣ (васеъ) пайваст бошанд, почтаи электрониро ташкил диханд. Дар КФ даҳҳо гигабайт маълумотро нигоҳ, доштан мумкин аст. КФ-ро ҳамчун пешкори истеҳсолкунандаи видиофилмҳо низ истифода мебаранд.