Главная / Илм / ВЕЗАЛИЙ

ВЕЗАЛИЙ

vesaliusВЕЗАЛИЙ (Vesalius) Андреас (31. 12. 1514, Брюссел – 15. 10. 1564, чазирахои Зант), табиатшинос, асосгузори анатомияи илми. Тибро дар Монпелйе, баъдан дар Париж омухта, с. 1537 дар Базел унвони доктори чаррохиро гирифтааст. С. 1539 дар Донишгохи Падуан (Италиёи Шимоли) аз анатомия дарс гуфтааст. В. аз усули аёнии таълим истифода бурда, ба шогирдон аз руи часадхои чоккарда дарс мегуфт. Дар китоби «Дар бораи сохтори бадани одам» (1543), ки дар асоси тадкикоти худи олим навишта шудааст, чисми одамро тавсиф кардааст. В. ба таълимоти 14 аср вучуд доштаи Чолинус дар бораи силсилаи гардиши хун мукобил баромад, ки баъдан он барои аз чониби У. Гарвей кашф шудани гардиши хун замина фарохам овард. В. дар тахияи истилохоти нав ва аник сохтани истилохоти кухнаи анатоми сахми назаррас гузоштааст. В. бинобар эътироф накардани Чолинус ва мукобилат бо калисо мухолифони зиёд пайдо мекунад, ки дар оянда ба эчоди у таъсири манфи расонд. Кор то дарачае расид, ки В. аз навмеди дастнависхои худро ба коми оташ андохта, пизишки дарбори Карли V гашт. Лек душманон В.-ро осуда намегузоштанд ва у мачбур шуд, ки ба зиёрати Фаластин равад. В. дар бозгашт аз сафар бинобар шикастани кишти ба чазираи Зонт афтода дар он чо вафот меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …