Главная / Гуногун / Духтан дар мошинаи ба кор тайёршуда

Духтан дар мошинаи ба кор тайёршуда

Тачхизот ва масолех: мошини дарздуз, риштаи №40, як порча матои тарафхояш 30х30 см, кайчи. Мошинаро бо латта тоза карда, чархашро бо дасти рост охиста харакат дода, сузанро боло мебардорем, лапкаро (пошнаро) ба боло бардошта, матои духтаро зери он гузошта, сузанро руи матоъ мефарорем. Тафтиш мекунем, ки бари дарз оё дуруст муайян шудааст.

duzandaБарои дарз аз куки сузан то буриши матоъ чен карда мешавад. Баъди он ки бари дарз аник карда шуда, пошнаро поён ба руи матоъ фароварда, чархро тоб дода, дарздузи мекунем. хангоми дарздузи матои духташавандаро дар зери пошна тела додан ё баракс суи худ кашидан мумкин нест, танхо онро андаке доштан кифоя аст. Наккола (транспортер) худ матоъро пеш мебарад. Барои он ки дарз рост шавад, хангоми духтан на ба харакати сузан, балки ба масофаи байни буриши матоъ ва канори чангак бояд назар кард. Вакте ки дарз духта шуд, маснуот аз зери пошна бароварда мешавад.

Барои ин харакати мошинаро нигох дошта, сузан ва пошнаро боло мебардорем, риштахои тору пудро ба дарозии 10-15 см кашида, онхоро аз бехи канори матоъ ва ба пушти пошна мебарем. Дар ин холат риштаро чониби худ сахт кашидан мумкин нест, зеро сузан мешиканад.

Барои пайдо намудани малакаю махорати дарздузи дар як пора матоъ як чанд катор хати рост кашида медузем. Танзими дарозии чокро аввал ба калонаш гузошта 2 катор ва дар охир ба миёнааш, ки кадами чоки дуруст, яъне ба адади 3-3,5 гузошта медузем, фаркияти ин дарзхоро месанчем ки кадомаш дуруст аст. Баъди анчоми кор зери пошнаи мошин магз гузошта, онро дар холати пештара нигох медорем. Магзи зери пошна як пора матои якчанд кабат духташуда аст.

Онро пеш аз кор аз зери пошна гирифта, ба чойи муайян монда, баъди кор, боз зери пошна мегузорем. Дарзхои мошини нихоят зиёданд. Намудхои асосии дарзхои мошини:

  1. дарзхои одди,
  2. дукарата,
  3. изофадухт,
  4. доманадухт,
  5. дарзи чудо-чудо,
  6. болоихам, бахия ва гайра мебошад.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …