Главная / Чамъият / Ахолии Точикистон

Ахолии Точикистон

Ахолии Точикистон соли 2019 –ум ба 9,3 млн нафар омад расид.

Ном Ахоли
(2018)
хазор тан
Пахновари,
хазор км²
Зичии ахоли,
кас/дар 1 км²
Шумораи
нохияхо
Марказ
Душанбе 938.3 0,12 7 758,0 4
Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 262.2 64,1 3,3 7 Хоруг
Вилояти Сугд 2425.3 25,2 95,3 14 Хучанд
Вилояти Хатлон 3054.3 24,6 117,8 24 Кургонтеппа
Нохияхои тобеи чумхури 1907.2 28,6 56,2 13 Душанбе

Маълумоти иловаги  оиди ахолии Точикистон:

Макомоти точик мегуянд, ки тибки тахлилхои ахир хамаги 57 дарсади ахолии Точикистон ба оби ошомидани дастраси доранд ва бокимонда — 43 дарсад ва ё такрибан нисфи ахолии кишвар аз оби ошомидани махрум хастанд. Тагоймурод Исломзода, рахбари корхонаи вохиди давлатии “Хочагии манзили коммунали”-и Точикистон рузи 23-юми май дар як хамоиш, ки бо ширкати макомоти точик ва намояндагони созмонхои байналмили дар Душанбе огоз шуд, гуфт, ки бинобар тахлилхои ахир, барои пурра таъмин кардани ахолии кишвар бо оби ошомидани, 2 миллиард доллар зарур аст.

Аммо вай гуфт, ки Точикистон ба танхои имкони пайдо кардани ин маблагро надорад ва аз ин ру, аз созмонхои коршарики Точикистон даъват кард, ки дар амри бунёди хутути об, кумак кунанд. Ба гуфтаи Исломзода, танхо бо кумаки сармоягузорони хоричи ва донорхо бештар аз 1 миллион 200 хазор ахолии шахрхои Исфара, Конибодом, Гулистон, Бустон, Хоруг ва Истиклол метавонанд ба оби ошомидани дастраси ёбанд. Бино бар иттилои СММ, дар холи хозир бештар аз 1 миллиард сокини сайёра аз оби ошомидани махрум буда, бештар аз 2 миллиард сокини дигар ба назофату бехдошти дастраси надоранд.

rost-naselenie-tajikistana

Баруйхатгирии ахолиро на камтар аз як бор дар дах сол ё хангоми баруйхатгирии навбатии ахолии чахон доир карда мешавад. Карор дар бораи баргузории Баруйхатгирии ахолиро ва мухлати он на дертар аз 5 сол то огози баруйхатгири аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад. Дар Точикистон баъди ба даст даровардани истиклол ду дафъа Баруйхатгирии ахолиро баргузор шудааст. Бори якум мувофики Конуни Чумхурии Точикистон аз 22 майи 1998 «Дар бораи баруйхатгирии ахоли» 20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофики маълумоти омори шумораи ахолии доимии шахрхо нисбат ба с. 1989 (тибки Баруйхатгирии ахоли пешина) аз 1 млн 668 хазор то 1623 хазор нафар кам шуда, шумораи ахолии доимии дехот баръакс аз 3441 хазор то 4504 хазор нафар зиёд шудааст. Хамин тарз, дар давоми 11 сол (1989–2000) хиссаи ахолии доимии шахрхои Точикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, ахолии доимии дехот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст. Бори дуюм мувофики Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 29 августи 2009, № 685 «Дар бораи гузаронидани баруйхатгирии ахоли» аз 21 то 30 сентябри 2010 дар каламрави чумхури Баруйхатгирии ахоли ва фонди манзил баргузор шуд.

Аз руйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба Баруйхатгирии ахоли ва фонди манзил, шумораи ахолии доимии мамлакат ба холати 21 сентиябри 2010-ум 7565 хазор нафарро ташкил кард. Шумораи ахолии чумхури (дар январи 2010) нисбат ба с. 2000-ум 1438 хазор нафар ё 23 дарсад, дар мукоиса бо хисобу китоби маълумоти аввали с. 2010, 35,4 хазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи ахоли дар чумхури аз хисоби афзоиши табии ва пеш аз хама, аз хисоби нишондихандахои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вучуд меояд. Сарфи назар аз мухочирати ахоли ба хоричи чумхури, дар с. 2010 нисбат ба с. 2000 шумораи ахолии шахрхо 379 хазор нафар ё 23,3 дарсад, ахолии дехот 1059 хазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст. Чараёни шахришави (урбанизатсия), ки то с. 2000 дар сатхи чумхури дар авч буд, мувофики чамъбасти пешакии Баруйхатгирии ахоли ва фонди манзили с. 2010 муътадил гашта, таносуби ахолии шахру дехот 27 дарсади ахолии шахр ва 73 дарсади ахолии дехотро ташкил кард. Д. Амонова.

Дар Точикистон коэфитсенти умумии таваллуди ахоли дар соли 2009 ба 1000 нафар 26,8, дар шахрхо – 23,0, дар дехот – 28,2; аз чумла дар ВМКБ – 17,9, вилояти Сугд – 27,6, вилояти Хатлон – 28,1, шахри Душанбе – 18,7, нохияхои тобеи чумхури – 28,4 буд. Бо сабаби баланд будани потенсиали демографи (бештар будани ахолии синнашон чавон) шумораи ахолии Точикистон то соли 2030 зиёд шуда, минбаъд суръати он сол аз сол паст меравад. Мувофики хисоби мутахассисони Институти демография ва иктисодиёти АИ ЧТ ахолии Точикистон соли 2026 такрибан ба 10,2 млн ва соли 2056 ба 13,1 млн нафар мерасад.

Марбут ба масоили ахоли харитахои махсус тартиб дода мешаванд: харитаи чойгиршавии ахоли, харитахои демографи (бо дар назар доштани хайати чинси, синнусоли, харакату чойивазкунии ахоли ва гайра), этнологи (хайати милли, урфу одат, хусусияти антропологиву забони ва гайра) харитаи таксимшавии ахоли (ахолии шахр ва дехнишин) ва гайра

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …