Главная / Илм / КАТЕХОЛАМИНХО

КАТЕХОЛАМИНХО

kateholaminКАТЕХОЛАМИНХО, моддахои аз чихати физиологи фаъол, ки дар организм вазифаи миёнравхои химияви – медиаторхо (норадреналин, дофамин) ва нейрогормонхо (адреналин, норадреналин)-ро ичро менамоянд. К. аз чумлаи унсурхои асосии мутобикати организм буда, дар холатхои стресс фаъолияти пурзури онро таъмин месозанд, организмро ба шароити мухити дохили ва беруни мутобик мегардонанд. Ихтилоли мубодила ё таносуби байни хосил шудану ба мачрои хун гузаштани К. сабаби сар задани баъзе беморихо мешавад. Мас., тагйир ёфтани синтези дофамин дар ташкилахои махсуси майна мучиби халал ёфтани харакат – паркинсонизм ва гиперкинезхо мегардад. Микдори нисбатан зиёди К. дар моддаи магзии гадудхои болои гурда хосил мешавад. Ниг. низ Адреналин, Дофамин, Норадреналин.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …